Навоӣ дили мардуми ҷаҳонро медонист

Имрӯз боғи марказии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, профессорҳо, нависандагон, шоирон ва донишҷӯён пуродам буд.
Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Хуршид Очилов, сенатор Фармон Тошев, раиси иттифоқи нависандагони Самарқанд Тошпӯлот Тугаловҳо иштирок карданд.
Дар пойи пайкараи Алишер Навоӣ дар маркази боғ бахшида ба 580-солагии мутафаккири бузург чорабинӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки осори Навоӣ ба мероси бебаҳои маънавии халқҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Намунаҳои ғазал ва рубои шоир ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ғайра қироат карда шуданд.
Санъаткорони театри мусиқии драмаи вилоят саҳнаҳоеро пешкаш карданд, ки симои Навоиро тасвир намудааст.
Иштирокчиёни чорабинӣ ба пойи ҳайкали Алишер Навоӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Инчунин, ҳамчун рамзи эҳтиром ба дӯстии халҳои тоҷику ӯзбек дар зери пойи муҷассамаи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ низ гулчанбар гузошта шуд.
Идомаи чорабинӣ бо барномаи консертӣ ва шоми шеър дар Маркази ҷавонони Самарқанд идома ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ