Ситораи нав дар ҷаҳони шоҳмот

Ситораи нав дар ҷаҳони шоҳмот

Андрей Есипенко пас аз пирӯзиаш бар қаҳрамони ҷаҳон дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Ростов бо медали тилло қадрдонӣ карда шуд. Гроссмейстери 18-сола дар мусобиқаи бонуфузи Ҳолланд севум шуд ва дар он нобиғаи ҷаҳонӣ — Магнус Карлсенро мағлуб кард. Барои пирӯзӣ бар қаҳрамони феълии ҷаҳон ба Есипенко як хонаи якҳуҷрагӣ дар Ростов тақдим карда шуд. Андрей Есипенко дар синни 18-солагӣ ситораи барҷастаи шоҳмоти ҷаҳон ҳисобида мешавад. Дар ҳайати 14 гроссмейстери беҳтарини ҷаҳон, аз ҷумла қаҳрамони феълии ҷаҳон Магнус Карлсен ширкат доштанд.

Корномаи Андрей Есипенко босуръат пеш меравад. Дар моҳи август, ӯ ҳамчун узви дастаи мунтахаби Русия, тиллои Олимпиадаи онлайн оид ба шоҳмотро ба даст овард ва танҳо дар шаҳри Вейк-ан-Зеи ҷои сеюмро гирифт. Шакли мусобиқаҳо ба куллӣ фарқ мекунад, аммо то ба имрӯз инҳо муваффақиятҳои асосӣ дар корномаи ӯ мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ