Худшефтагон бештар дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд


Рӯҳшиносони Донишгоҳи озоди Болсанои Италия баъди тадқиқоте хулоса карданд, ки одамони худшефта (нарцисс) нисбат ба дигарон бештар дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд. Натиҷаҳои тадқиқоти онҳо дар маҷаллаи The Leadership Quarterly чоп шуд.
Дар ин тадқиқот 172 нафар мудири ширкатҳои Италия иштирок карданд. Онҳо дар бораи чӣ гуна ба роҳбарӣ расидани худ ҳикоя карданд. Ҳамчунин, олимон барои муайян кардани хусусиятҳои шахсияти онҳо озмоишеро анҷом доданд.
Ба назари мутахассисон, маҳз мансабпарастӣ ва бовар ба худ, ки хоси худшефтагон аст, одамонро ба мавқеъҳои роҳбарӣ мебарад ва барои фаъолтар шудан дар ҷойи кор сабаб мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ