Меъёри фоизи қарзҳои Ӯзбекистон ба тадбиркорони тоҷикистонӣ кам карда шуд


Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар бораи коҳиши назарраси меъёри фоизи қарзҳо ба тоҷирони тоҷикистонӣ барои воридоти молу маҳсулоти Ӯзбекистон созиш ҳосил намуданд.
Бино ба маълумоти манбаъ меъёр ба фоизи қарзҳои имтиёзнок дар доираи созишномаи имзошуда тобистони соли 2018 оид ба маблағгузории тиҷоратӣ ба андозаи 3,5% кам шуданд.
Гуфта мешавад, айни замон меъёри фоизи қарзҳои мазкур аз 4,5% то 5,5%-и солонаро ташкил медиҳад.
Тибқи созишномаи мазкур, то аввали соли равон 10 ширкати Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,6 млн доллар қарз гирифтаанд. Дар санади дуним сол пеш имзошуда маблағгузории тоҷирони тоҷик танҳо барои интиқоли молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар доираи созиши ҳосилшуда ба маблағи зиёда аз 33 млн доллар додани қарз ба тоҷирони тоҷик дар назар аст.
Мувофиқи шартҳои созишнома, дар ин ҷараён “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне ба ширкатҳои Тоҷикистон мактуби кафолатнок медиҳад ва ширкатҳо тариқи он аз Ӯзбекистон молу маҳсулот мегиранд. Минбаъд ширкатҳои Тоҷикистон қарзро бо сомонӣ ба “Амонатбонк” пардохт мекунанд, ки он дар навбати худ, маблағҳоро ба асъор мубодила карда, онро ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.
Қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд: агар таҳвилгар маҳсулоти ниёзи мардум ворид карданӣ бошад — то 1 сол ва агар таҷҳизот интиқол доданӣ бошад — ба муҳлати то 3 сол.
Бо ҳар кадоме аз қарордод ба маблағи то 1 млн доллар қарз дастрас кардан имкон дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ