Рамос пешниҳоди “Реал”-ро қабул накард ва ба эҳтимоли қавӣ дар тобистон Мадридро тарк мекунад


Серхио Рамос, ҳимоягари марказӣ ва сардори “Реал” пешниҳоди дувуми ҷамоаи худро низ дар бораи тамдиди қарордод қабул накард. Дар ин бора «El Mundo Deportivo» навиштааст.
Бино ба хабарҳои расонаҳои варзишӣ, “Реал” ба Рамос қарордоди 2-сола пешниҳод кард, аммо, дар ин қарордод музди ӯ 10 дарсад коҳиш ёфтааст. Шартҳои ин пешниҳод низ Рамосро қонеъ накард.
Гуфта мешавад, ки ҳоло “Реал” ба Рамос пешниҳоди дигаре надорад. Серхио Рамос низ мехоҳад, ки дар таркиби ҷамоаи нав фаъолияти худро идома диҳад. Бо эҳтимоли қавӣ, ҳимоягари испанияӣ бо “ПСҶ” қарордод имзо мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ