Ҷашни 580-солагии Алишер Навоӣ дар Тайлоқ


Имсол бар асоси дастури Президенти кишварамон 580-солагии Султони мулки ғазал – Мир Алишер Навоӣ ба таври густурда ҷашн гирифта шуд. Аз ҷумла, дар мактаби таълими умумии рақами 21-и ноҳияи Тайлоқ низ зодрӯзи шоирро бо шукӯҳу тантана таҷлил карданд.
Дар тадбир омӯзгорону донишомӯзон ғазалҳои ноби Навоиро ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ хонданд ва лаҳзаҳои зиндагии ӯро дар саҳна намоиш доданд. Омӯзгороне мисли Азимова Баҳора, Хӯҷаминова Амира, Алиева Зилола, Эргашева Ҳафиза, Абдуллоева Интизор, Азимова Гулноз барои дар сатҳи боло баргузор шудани тадбир саҳми худро гузоштанд.
Дар ин ҷашн намояндагони Гвардияи Миллӣ, шӯъбаи ноҳиявии прокуратура ва услубшиноси забону адабиёти ноҳия иштирок карданд ва ба ғазалхониву ҳунарнамоии донишомӯзон баҳои баланд доданд.

Хӯҷаминова Амира, раиси иттиҳодияи забон ва адабиёти мактаби таълими умумии рақами 21-и ноҳияи Тайлоқ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ