Нияти тадбиркори ҷавон калон аст


Сокини маҳаллаи Саховати ноҳияи Булунғур Усто Зайниддин Халилов аз овони ҷавонӣ ба техника шавқу ҳавас дошт. Баъди хатми мактаби таълими умумӣ ба усто Отақул, ки дар маркази хоҷагии ба номи Абдусалом Махсумов фаъолият мебарад, шогирд шуд. Ӯ 3 сол аз усто асрори хизматрасонии техникиро омӯхт. Аз ин рӯ, соли 2017 аз усто Отақул фотиҳаи сафед гирифта, худ мустақил кор сар кард. Бо падару модар, пиронсолони маҳалла маслиҳат карда, дар канори ҳавлиаш устохонаи хизматрасонии техникӣ ба автомобилҳоро кушод.
– Асбобу ускунаҳои дар мамлакатҳои Россия ва Хитой истеҳсолшударо аз бозорҳои шаҳрҳои Самарқанду Тошканд харидем, – гуфт усто Зайниддин Халилов. – Алҳол якҷоя бо шогирдҳоям – Зуҳриддинбек ва Маъруфҷон ба автомобилҳо хизмати техникӣ мерасонем.
– Пештар барои соз кардани мошинҳо ба устохонаҳои шаҳри Самарқанд ё ин ки ба маркази ноҳия мерафтем ва барои ин вақт мерафт, – гуфт яке аз пиронсолони маҳалла Тӯйчибобо. – Имрӯзҳо дар худи ҳудуди маҳаллаамон устохонаи хизматрасонӣ ба автомошинҳо ҳаст. Аз кори устохона аҳолии маҳаллаамон хурсанд.
– Аз кори соҳибкор, устои ҷавон мардуми маҳалла розианд, – гуфт раиси Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Саховат» Ҳасан Эгамбердиев, – Усто З. Халилов ба ҳурмати аҳолӣ сазовор гашт. Ӯ ният дорад, ки дар оянда дар паҳлӯи гаражи хизматрасонии техникии автомобилҳоро дӯкони автомобилфурӯшӣ кунад.

Раббим ҲОТАМОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ