Маҳсулоти чарми Ӯзбекистон ба бозори Италия медарояд


Бо кӯмаки сафоратхонаи дар Италия будаи мамлакатамон дар доираи зиёд кардани ҳаҷми экспорти маҳсулоти чарм — пойафзол байни корхонаи «Angren Charm invest» ва ширкати «Antonio Couture» — и Италия шартнома аз рӯйи ба Италия ва мамлакатҳои дигари Аврупо экспорт кардани чарми тайёр имзо гардид.
Хизмати матбуоти иттиҳоди «Ӯзчармсаноат» маълум кардааст, ки то ин вақт ширкатҳои Италия бо иштироки корхонаҳои диёрамон аз рӯйи азнавкоркарди пӯст, амалигардонии лоиҳаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти чарм-пойафзол, инчунин, афзудани нишондиҳандаҳои экспорт дар шакли видеоконфронсалоқа вохӯриҳо гузарондаанд.
Дар натиҷаи музокираҳо, дар байни ширкатҳои номгирифта якчанд шартномаи экспорти байналхалқии эксклюзивӣ имзо гардид. Бино ба он, корхонаи «Angren Charm Invest» ба ширкати «Antonio Couture » маҳсулоти маҳаллӣ, чарми тайёр экспорт мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ