Моҳи марти соли равон астероиди 2001 FO32 ба Замин наздик мешавад. Он хатарнок аст?


Мутобиқи мушоҳидаҳо ва ҳисобҳои астрономҳо, моҳи марти соли равон астероиди 2001 FO32 ба Замин наздик мешавад. Олимон-астрофизикҳо ҳаракати астероидро ҳангоми наздик шудани он ба Замин мушоҳида хоҳанд кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар » хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, 21 март соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ астероид ба сайёраи мо то ҳадди баландтарин дар масофаи қариб 2 миллион километр наздик мешавад. Ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳ 5 маротиба зиёдтар аст. Аз соли 1900 то 2008 ин астероид 17 маротиба ба Замин наздик шудааст ва интизор меравад, ки наздикшавии ояндаи он соли 2032 сурат мегирад.
Мутобиқи маълумоти байналмилалӣ, астероид эҳтимол хатарнок ва бузургтарин ҳисобида мешавад. Аммо масофаи нисбатан калони наздикшавӣ эҳтимоли бархӯрд бо астероидро ночиз мекунад ва он ба Замин хатари воқеӣ надорад. Бояд гуфт, ки астероиди 2001 FO32 21 марти соли 2001 дар расадхонаи Моунт-Леммон (Аризона, ИМА) кашф карда шудааст.
Он ба гурӯҳи астероидҳои наздизаминӣ- Аполлонҳо мансуб аст ва яке аз калонтаринҳо ба ҳисоб меравад, ҳаҷми он тақрибан 2 км мебошад. Астероид дар тӯли зиёда аз 2 соли заминӣ дар атрофи Офтоб як маротиба гардиш мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ