Роутерро дар кадом гӯшаҳои хона набояд гузорем?


Сифату суръати Wi-Fi ба ҷойе, ки мо роутерро мегузорем низ вобаста аст. Антон Ястребсев, мутахассиси соҳа дар ин бора маслиҳатҳои муфиди худро тақдим кард.
Ба гуфтаи Ястребсев, роутер бояд дар хонае гузошта шавад, ки ба он камтар дохил мешавем. Роутер дар радиуси се метр тобиши электромагнитӣ ҳосил мекунад.
Ҳамчунин, роутер набояд дар мизи кории мо ҷой бигирад. Наздикии роутер ба компутер ба сифати пайвасти компутер ба Wi-Fi таъсири манфӣ дорад . Илова бар ин, дар наздики роутер нишастани одам барои саломатӣ хуб нест.
Ба ин далелҳо, роутерро дар хонаи хоб нагузоред.
Дар даҳлез, ё ягон гӯшаи хона гузоштани роутер беҳтар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ