Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Хатари густариши пандемия ҳанӯз вуҷуд дорад


Бо вуҷуди коҳиш ёфтани паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, хатари густариши пандемия бо штамҳои нави “британияӣ”, “африқоӣ” ва “бразилӣ/японӣ” ҳанӯз побарҷост. Дар ин бора маркази матбуотии созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод.
Ҳоло дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон штамҳои нави коронавирус мушоҳида мешавад, ки ин боиси нигаронии мутахассисон шудааст. Аз ҷумла, штамми “британияӣ” дар 86 кишвар, штамми “африқоӣ” дар 44 кишвар ва штамми “бразилӣ/японӣ” дар 15 кишвар кашф шуд.
Дар зимн, паиҳам чор ҳафта аст, ки шумори рӯзонаи мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон коҳиш меёбад.
Бино ба маълумоти созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҳафтаи якуми феврал дар ҷаҳон 3 153 426 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 88 369 ҳолати марг бар асари он сабт гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ