Дар Япония вазорати муаммоҳои танҳоӣ таъсис меёбад


Дар Япония вазорати муаммоҳои танҳоӣ таъсис меёбад. Дар ин бора агентии Kyodo хабар дод.
Ёсихидэ Суга, сарвазири Япония рӯзи ҷумъа бо Тэзуси Сакамото, вазири корҳои барқарории фаъолияти ҳаётии минтақаҳои ин кишвар мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаи таъсиси вазорати муаммоҳои танҳоӣ баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки ба зудӣ дар Япони чунин вазорат таъсис меёбад ва Сакамото роҳбарии ин вазоратро низ ба ӯҳдаи худ хоҳад гирифт.
Сакамото баъди ин мулоқот гуфт, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус дар Япония ҳолатҳои худкушӣ афзоиш ёфт, ки ин дар 11 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад. Дар тӯли як сол 20,9 ҳазор нафар худро куштанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш дар Британияи Кабир мақоми вазири тандурустии равонӣ таъсис ёфта буд. Вазифаи ин вазир назорати корҳои пешгирӣ аз худкушӣ дар қаламрави кишвар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ