Ӯзбекистони навро мо ҷавонон бунёд менамоем!


Тарбияи насли наврас ҳамчун шахсони соҳиби салоҳияти бузурги интеллектуалӣ ва позитсияи қатъӣ, ки ба тағйирот ва ислоҳоти кишвар бефарқ нестанд, ҷониби мақсадҳои нек ҳаракат мекунанд, инчунин, серғайрату ватандӯст ҳастанд, аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Муҳим он аст, ки солҳои охир кор дар ин самт суръат гирифта, ба тақдири мо – ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Сарвари давлатамон чанде пеш дар Форуми ҷавонони Ӯзбекистон иштирок карда, ҷониби ҷавонон «Мо дар кишварамон кадом ислоҳотеро анҷом диҳем, пеш аз ҳама ба ҷавононе мисли шумо, ба нерӯ ва азми шумо такя мекунем. Тавре ки ҳамаи шумо медонед, имрӯз мо дар назди худ мақсадҳои бузург гузоштаем. Мо ба гузоштани асоси Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистон шурӯъ кардем. Масъалаҳои дастгирии оила, таълими томактабӣ, мактаби миёнаи умумӣ ва олӣ, муассисаҳои илм ва фарҳанг муҳимтарин заминаи Эҳёи ояндаро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, мо дар ин соҳаҳо ислоҳоти куллӣ мегузаронем. «Боварӣ дорам, ки ҷавонони фидокор ва ватандӯсти мо, ки шумо онҳоро намояндагӣ мекунед, фаъол иштирок намуда, ба раванди таърихии бунёди пойгоҳи нави рушди кишварамон саҳми сазовор мегузоранд», гуфтанд, ки ин ба мо нерӯ ва ғайрат бахшид. Ба сифати ифодаи амалии фикр ва ғояҳое, ки дар форум баён гардид, соли 2021 «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» номгузор гардид, ки ин шавқу рағбати моро боз ҳам мус­таҳкамтар кард.
Бешубҳа, ба имконият ва шароитҳое, ки имрӯз барои ҷавонони мамлакати мо фароҳам шудааст, наврасони бисёр кишварҳои ривоҷёфта бо чашми ҳавас менигаранд. Бинобар ин, мо бояд аз онҳо самаранок истифода барем, ба боварии баланди сарвари давлатамон сазовор бошем, вориси муносиби авлоди бузурги худ гардида, чун инсони комил ба камол расем. Ин вазифаи муқаддаси мо дар назди Ватан, дар назди халқу диёр аст.

Оятулло НАЗИРОВ, донишҷӯи Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ