Азиз Абдуҳакимов: «Ба Токио ҷамъ 42-то литсензия ба даст омад — ин кам»


Пеш аз бозиҳои тобистонаи Олимпӣ ва Паралимпии дар Токио соли 2021 баргузоршаванда бо мақсади ба варзишгар ва мураббиҳо мотиватсия додан, инчунин, ташкил кардани омодагии босамар ба мусобиқаи мазкур корҳо ба роҳ монда шудаанд. Бо сарварии ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А. Абдуҳакимов дар Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вохӯрӣ ба амал омад. Дар он дар ин бора маълум карда шуд.
«Намояндагии мамлакатамон то имрӯз ба бозиҳои тобистонаи Олимпӣ ва Паролимпии Токио 42-то литсензия ба даст овард. Дар як замоне, ки Президентамон ба ривоҷи варзиш эътибори ҷудогона медиҳад, ин кам аст албатта. Ҳоло атлетҳоямон боз барои ба даст овардани 68 литсензия кӯшиш мекунанд. Намояндагии варзиши Ӯзбекистон дар ҳисоби умумӣ ба даст овардани 110 литсензияро мақсад кардааст ва барои ин имкониятҳо кофӣ аст.» гуфтааст А.Абдуҳакимов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ