Беҳтарин вундеркиндҳои ҷаҳон аз рӯи L’Equipe

#Варзиш


Портали машҳури L’Equipe раддабандии беҳтарин футболбозони ҷавони дунёро нашр кард. Ба ин рӯйхат бозигароне дохил мешаванд, ки дар асри 21 таваллуд шудаанд, яъне на пештар аз 1 январи соли 2001. Дар зинаи аввали ин рӯйхат вундеркинди ҷавони дастаи «Барселона» Ансу Фати ҷой гирифтааст. Инчунин дар сегонаи беҳтарнҳо Эдуардо Камавинга («Ренн») ва Райан Гравенберх («Аякс») низ шомил шуданд.

Беҳтарини бозигарони ҷавон аз рӯи фарзияи L’Equipe (футболбозони соли таввалудашон аз 2001 поёнтар)

1. Ансу Фати («Барселона», 2002 соли таввалуд)

2. Эдуардо Камавинга («Ренн», 2002)

3. Райан Гравенберх («Аякс», 2002)

4. Педри («Барселона», 2002)

5. Ҷованни Рейна («Боруссия» Д, 2002)

6. Ҷуж Беллингхэм («Боруссия» Д, 2003)

7. Яри Ферсхерен («Андерлехт», 2001)

8. Мэйсон Гринвуд («Манчестер Юнайтед», 2001)

9. Букайо Сака («Арсенал», 2001)

10. Мирон Боаду (АЗ, 2001)

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ