Се баҳри ҷаҳон




1. Баҳри Мармар (Туркия) хурдтарин баҳр дар ҷаҳон буда, масоҳаташ 12 000 км2, дарозиаш 280 км, паҳмиаш 80 км, чуқуриаш 1389 метр буда, ҳаҷми оби баҳр 4000 м3 мебошад. Баҳр дар натиҷаи шикастани қабатҳои қишри замин пайдо шуда, қитъаи Осиё, Аврупо ва Африқоро аз ҳам ҷудо мекунад. Баҳр дар байни роҳи рафтуомади баҳри Сиёҳ ва баҳри Миёназамин ҷойгир аст.

2. Баҳри Азов чуқуриаш 8 метр дар баъзе ҷойҳо то 15 метр мебошад. Масоҳати баҳри Азов 39 000 км2 буда, ҳаҷми обаш 320 км3 мебошад.

3. Баҳри Мурда баҳри аз ҳама шӯртарин дар Ҷаҳон мебошад, ки шурии он аз дигар баҳрҳо 8-9 маротиба зиёд аст. Шурии миёнаи баҳри Мурда 270‰ промилле буда, дар баъзе солҳо то 310 промилле мерасад. Ин маънои онро дорад, ки дар як литр оби баҳри Мурда 270-310 грамм намак мавҷуд аст. Ҳавзаи баҳр маҳдуд буда, ягон дарё ҷори намешавад ва ё ягон дарё ба хушки намебарояд. Дарозии баҳр 76 км, паҳмиаш 4,5 то 17 км, масоҳати баҳр 1050 км2, чуқуриаш дар қисми шимол то 356 метр ва дар қисми ҷанубиаш 4-5 метр мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ