Поёни филм: Сенат Доналд Трампро беайб донист


Сенати Конгресси ИМА раисҷумҳури собиқ Доналд Трампро дар чорчӯби баррасии импичменти ӯ беайб донист.
Бино ба хабари Евронюз, барои айбдор донистани Трамп бояд ҳадди ақал 67 кас раъй медоданд. Аммо, ҳамагӣ 57 нафар сенатор бар зидди ӯ раъй доданд.
Ёдовар мешавем, маҷлиси намояндагони Конгресс рӯзи 13 январ, ки ҳанӯз Трамп дар сари қудрат буд, импичменти ӯро хоста буданд. Трамп дар таърихи ИМА ягона раисҷумҳуре буд, ки ду бор бар зидди ӯ импичмент эълон карданд.
Намояндагон Трампро сабаби ҳамла ба Капитолий меҳисобиданд. Дар ин ҳамла, ки тарафдорони Трамп анҷом доданд 5 нафар кушта шуданд.
Адвокатҳои Трамп импичментро риёкорӣ ва ғайриқонунӣ хонданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ