Дар натиҷаи заминларза дар Япония беш аз 100 нафар захмӣ шуданд


Шаби гузашта дар Япония заминларзаи 7,3 дараҷаӣ рух дод.
Бино ба хабари агентии Kyodo, дар натиҷаи заминларзаи шадид ҳадди ақал 103 нафар захмӣ шуданд.
Аксарияти захмиён сокинони вилоятҳои Мияги ва Фукусима мебошанд. Дар ин вилоятҳо заминларза шадидтат буд. Захми нафарони зиёд ҷиддӣ нест, онҳо дар натиҷаи ба замин афтодан каме ҷароҳат гирифтаанд.
Ёдовар мешавем заминларзаи 7,3 дараҷаӣ ба вақти маҳаллӣ соати 23.08 рух дод. Тақрибан дар 10 вилояти кишвар заминларзаро эҳсос карданд. Маркази заминларза дар вилояти Фукусима буд.
Идораи милли ҳавошиносии Япония аҳолиро огаҳ кард, ки эҳтимоли рух додани пасларзаҳо низ вуҷуд дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ