14-уми феврал — Зодрӯзи Заҳириддин Муҳаммад БобурДАР БОРАИ ХОНАВОДАИ БОБУР ЧИРО МЕДОНЕД?




Соли 1483 дар водии зархези Фарғона як шахси бузурги таърихӣ бо номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур дида ба дунё кушод ва дар синни 12 ҳокими он таъин гардид.
Заҳириддин Муҳаммад Бобур солҳои 1497-1498 Самарқандро ба тасарруфи худ дароварда, барои барқарор намудани давлати мутамарказ, ки як вақтҳо бобояш Амир Темур бунёд карда буд, камар мебандад. Вале дере нагузашта Муҳаммад Шайбонихон, баъди ба даст даровардани чанд мавзеъву манотиқи Мовароуннаҳр нерӯи худро ба сӯйи Самарқанд гардонида, алайҳи Бобур Мирзо юриш оғоз кард. Соли 1501 лашкари Шайбонихон ва Бобур Мирзо, дар назди дарёи Зарафшон ба ҳам бархӯрданд ва Бобур маҷбур шуд ба сӯйи Тошканд фирор кунад.
Дертар Бобур Мирзо рӯ ба сӯйи Афғонистон ниҳод ва соли 1504 Кобулро тасхир намуд. Соли 1510 ӯ аз Қундуз ба сӯйи Ҳисор, бар зидди урдуи Шайбонихон лашкар кашид. Дар муҳорибаи шадиди назди Пули Сангини Ҳисор лашкари Бобур пирӯз шуд ва ашрофзодагони Самарқанд, Бухоро, Қаршӣ ва дигар шаҳрҳои калон, ки ҳаммаслаки ӯ буданд, якдилона ба Бобур Мирзо таслим шуданд. Ҳамин тавр, Мовароуннаҳри марказӣ дар тасарруфи салтанати Бобуриён қарор гирифт.
Вазъият тақозо мекард, ки Бобур Мирзо амнияту оромии халқро халалдор насозад, бинобар ин маҷбуран ба фирори навбатӣ ба сӯйи Кобул рӯй овард. Ӯ зимомдории худро дар Кобул нигоҳ дошт ва соли 1526 дар набард бо қӯшуни филсаворони султони Деҳлӣ Иброҳимшоҳи Лудӣ ғалаба карда, Деҳлӣ ва Аграро ба тасарруфи худ даровард.
Аз ҳамин вақт эътиборан қаламрави салтанати Бобур Мирзо дар Афғонистон, Ҳиндустон ва берун аз он тадриҷан вусъат ёфта, дар таърих бо номи империяи мутабаҳҳири Темуриён ё Бобуриёни Ҳинд саҳифаи навро оғоз кард.
Бобур империяи ҷадидеро барпо намуд, ки асоси онро сиёсати одилона ва зимомдории некбинона ташкил дод. Дар натиҷа, дар давраи ҳукуматдории ин император Ҳиндустон ба кишвари фаровониву шукуфо табдил ёфт.
Баъди ташаккули давлати мутамаркази худ Бобур чун ҷаҳонпаҳлавони бомаърифат ба ривоҷу равнақи илму адаб ва нерӯҳои ақлониву ирфонӣ пардохт. Зери сарпарастии вай садҳо олиму шоир ва мусаввиру меъморон ба камол расида, бо осори сеҳрофари худ шуҳрату камоли давлати Бобуриёни Ҳиндро оламгир намуданд. Устоҳои нодиркор, ҳунармандон, меъморон ва мусаввирони чирадаст гирд омада, дар ободонии мамлакат ва инкишофи маърифат иштирок карданд. Чун Бобуриён ҳомии арзишҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла адабиёт ва санъат буданд, зиёдтар аз ҳама дар Ҳиндустон илму фарҳанг гиромӣ гардид ва дар он ҳавза шоҳкориҳои беназир офарида шуд.
Духтарони Бобур Мирзо – Гулбаданбегим, Гулрухбегим (Гулчеҳра), Фахринисобегим, Гулсарабегим, Гулбаргбегим, Маъсума Султонбегим таҳти назари падар таълиму тадрис ва тарбияи хеле хуб гирифтаанд ва ҳар яке соҳиби табъи мавзун буда, аз илму дин баробар огоҳ буданд.
Падари фарҳангдӯсту адабпарвари онҳо ҳамвора бо писарон ба духтарон низ бо кӯмаки беҳтарин устодони илму фарҳанг тарбияти хуб дод. Аз ин ҷост, ки кулли занҳои ин сулола чун шахсиятҳои донишманду фарҳангдӯст ва суханварони мумтоз ба воя расида, тарбияти зеҳниву ирфониро асоси зиндагии аҳли дарбори шоҳ пазируфтаанд. Қайд бояд кард, ки аз мактаби занонаи дарборӣ на танҳо духтарони Бобур Мирзо, балки тамоми духтарони хешовандон ва наздикони ӯ низ бархурдор шудаанд.
Шарқшиноси амрикоӣ Харолд Ламб қайд намудаст, ки ба мактабҳои духтаронаи дарбори Бобур Мирзо, махсус аз Балх ва Бухоро фозилону олимон даъват мешуданд, то ки аз хату савод ва қироати Қуръон сар карда, то шеъру шоирӣ, фалсафа, таърих ва ҳатто нуҷум сабақ диҳанд. Занону духтарони дарбори Бобуриён санъати аспсаворӣ ва аспдавонӣ, шикор, чавгонбозӣ, камонкаширо низ хуб медонистанд.

Донишмандтарини духтарони Бобур Мирзо Гулбаданбегим буд ва ӯ соли 1523 дар Кобул таваллуд шудааст. Модараш Дилдорбегим ном дошта, Моҳимбегим аз рӯйи анъанаи оила, чун кадбонуи хонадон ба Гулбаданбегим меҳри хоса пайдо кард ва ӯро ба тарбияи худ гирифт. Моҳимбегимро дар таърихномаҳои хонаводагӣ чун зани отифа ва ҳалиму меҳрубон тасвир кардаанд. Ӯ дар садоқат ва ақлу тамиз пешбари дигар занон буд. Вай Гулбаданбегимро парасторӣ ва тарби

я карда, ҳамеша дар бараш гирифта мегашт. Гулбаданбегим ҳар ду модарро самимона дӯст дошта, дар ёдномаҳояш модарашро Дилдорбегим ва Моҳимбонуро бошад, Ҳазрати модарам гӯён муаррифӣ кардааст.
Вақте ки Гулбаданбегим бори аввал падари подшоҳи худро дид ва шинохт, хеле хурдсол буд. Ӯ ҳамроҳи модараш ба дидори падар дар Кобул мушарраф гардида, аз суҳбати ӯ фараҳманд шуда буд. Он вақт модараш Дилдорбегим дар Кобул сукунат дошт ва Гулбаданбегим айёми кӯдакии худро то соли 1527 дар Кобул гузаронидааст. Замоне ки падараш вафот мекунад, ӯ ҳамагӣ ҳашт сол дошт.
Дар «Ҳумоюннома» маълумоти мӯътамад дар бораи мавқеи занон дар давраи Бобуриён оварда шудааст. Аз рӯйи гуфти Гулбаданбегим занҳо баъзан дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ низ иштирок мекардаанд. Чунончи, худи Гулбаданбегим дар давраи Ҳумоюн, Хонзодабегим дар давраи Бобур, бибиаш Эсондавлатбегим аз кӯдакии Бобур то давраи Иброҳим Султон, ки ҳокими Бадахшон буд, бо ширкати бевоситаи худ дар ҳалли мусбии корҳои давлатӣ саҳм гузоштаанд.
Аз ҳаёти шахсии ӯ танҳо ҳамин чиз маълум аст, ки вай дар синни 17 ба Хизр Ҳоҷӣ, ки низ аз насли муғулҳои чиғатоӣ ба шумор мерафт, ба шавҳар мебарояд. Шавҳари ӯ ба Гулбадан қаробати дутарафа доштааст, яъне ҳам аз тарафи модар ва ҳам аз ҷониби падар. Ӯро ба авлоди ҳокимони Бухоро, ки аз зумраи ҳоҷиён ва сайидзодаҳо буд, мансуб медонанд. Тибқи маълумотҳо як фарзанд ҳам дошт, лекин тасдиқи ин фикр маълум нест.
Вақте ки бо сабаби оғози низоъҳо бо Шерхони Сурӣ, Ҳумоюн рӯ ба сӯйи Эрон меорад, Гулбаданбегим ба ватанаш Кобул бармегардад. Бо дигар занҳои ҳарами подшоҳӣ, ки ҳамроҳаш дар Кобул сарпаноҳ ёфта буданд, рӯз мегузаронад. Танҳо баъди он, ки Ҳумоён тахту тоҷи худро барқарор намуд, ӯ боз ба Агра баргашт.
Гулбаданбегим холааш Ҳамидабонуро аз хурдсолӣ хеле дӯст медошт. Дар навиштани китоби худ ӯ бештар ба нақлҳои ҳамин холааш такя кардааст, ки ҳунари волои сухандонӣ ва суханронӣ дошт. Ду зани дигар Хонзодабегим ва Моҳимбегим низ ганҷинаи хотири ӯро бо самимият дастгирӣ намудаанд.
Гулбаданбегим аввалин зане буд, ки дар пайравӣ ба таърихнигории падараш Бобур асари насриро бо тамоми ҷузъиёти таърихӣ ба қалам овардааст. Мутаассифона, китоби мазкур то ба охир ба мо нарасидааст.
Бинобар дар хонаводаи аҳли фазлу дониш ба воя расидан ва соҳиби истеъдоди фитрӣ будан, санъати суханварии Гулбаданбегим ривоҷ меёбад. Исо Каримӣ иброз доштааст, ки «Гулбаданбегим нахустин зани форсинигор ва форсисарои хонадони темурии Ҳиндустон, рӯйдодҳои зиндагонӣ ва подшоҳии падараш Бобур, бародараш Ҳумоюн ва бародарзодааш Акбарро дар «Ҳумоюннома» ба ширинӣ нигошта ва ба ёдгорӣ ниҳодааст» ва ин байти ӯро овардааст:
Ҳар парирӯе, ки ӯ бо ошиқи худ
ёр нест,
Ту яқин медонӣ ҳеҷ аз умр
бархӯрдор нест.
Айнан бо чунин маъно дар тазкираи Могаҳ Раҳмонӣ «Парданишинони сухангӯй» оварда шудааст, ки «Ин хонум китобе ба номи «Ҳумоюннома» навишта, дар он хотироти бародари худро сабт кард. Гоҳ-гоҳе шеър низ мегуфт ва парвози болро озод медонист».
Гулбаданбегим солҳои охири умраш роҳи сафари ҳаҷ пеш гирифта, ҳамаи мушкилоти сафар, аз пайраҳаҳои кӯҳсорону биёбони тасфон гузаштанашро бо Ҳамида Бону ба риштаи тасвир кашидааст. Дар Макка онҳо чор сол зиндагонӣ мекунанд, ҳангоми бозгашт садамаи киштии баҳрӣ мусофирати онҳоро дарозтар месозад. Гулбаданбегим ва Ҳамидабону баъди ҳафт сол аз сафар бармегарданд.

Гулбаданбегим ҳамеша дуогӯи фақирон ва бенавоён буд. Ӯ ба дармондагон корҳои хайрро арзонӣ медоштааст. Ҳамидабону, Руқия ва духтари Ҳиндол Мирзо то рӯзи вопасин дар назди ӯ буданд. Гулбадан пеш аз чашм пӯшидан аз дунё ба Руқия нигоҳ карда гуфтааст: «Ман мемирам, илоҳо умри ту дароз бошад…». Гулбаданбегим соли 1603 дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Ӯро набераи Бобур Мирзо Акбаршоҳ бо эҳтироми зиёд дар Ҳиндустон ба хок супоридааст.

Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ