Бо илму хирад тавонгарӣ осон аст


Соли ҷорӣ ба гурӯҳи тоҷикии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ гардидам. Ин барои ман бахти бузург буд.
Албатта, ин ҳама комёбӣ ва муваффақиятҳои мо самараи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев мебошад. Маҳз бо ташаббуси Президентамон ба мо ҷавонон имкониятҳо фароҳам гардида, бобати дастгирии насли наврас, фаро гирифтани онҳо бо таълими олӣ, таъмини шуғли ҷавонони бекор чорабиниҳои зиёд андешида мешавад. Яке аз чунин ташаббусҳои нек ва меваи сиёсати солҳои охир таъсиси гурӯҳи тоҷикӣ дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Инак, се сол аст, ки ба ин гурӯҳ хатмкунандагони мактабҳои таълим ба забони тоҷикии кишварамон ҳуҷҷат супорида, таҳсилро давом медиҳанд.
Ғайр аз ин, соли ҷорӣ қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои тоҷикӣ аз тарафи Маркази давлатии тест сурат гирифт. Хушбахтона, аз байни қариб 100 нафар довталабон 21 нафар (5 нафар дар асоси гранти давлатӣ ва 16 нафар дар асоси шартнома) ба бахти донишҷӯӣ мушарраф гардиданд, ки дар байни онҳо ман ҳам ҳастам. Санҷишҳои тес­тӣ шаффоф ва адолатнок гузаштанд. Ягон ҳолати қонуншиканӣ, коррупсионӣ ва тағобозию амакбозӣ мушоҳида нагардиданд.
Имрӯз хурсандиям ҳадду канор надорад ва барои ин албатта аз волидони меҳрубонам, инчунин, ҷамоаи омӯзгорони мактаби таълими умумии рақами 27-уми ноҳияи Самарқанд, ки моро роҳнамоӣ намуда, илму дониш омӯхтанд, миннатдорам.
Боиси эътироф аст, ки имсол аз мактаби мо на танҳо ман, балки боз ду нафар ҳамсинфам низ ба гурӯҳҳои тоҷикии факултетҳои таълими ибтидоӣ ва кимё дар асоси гранти давлатӣ, боз ду нафари дигар дар асоси шартнома қабул гардиданд.
Шоир Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Оне, ки туро зи ғам раҳонад илм аст.
В‑оне, ки туро ба ҳақ расонад илм аст.
Кам илм талаб макун, ки дар охири кор,
Мулке, ки зи ту кас настонад илм аст.

Дар ҳақиқат, ҳар касе аз пайи омӯзиши илм бошад, ба комёбӣ ва бахти бегазанд мерасад. Маҳз бо илму хирад фатҳи қуллаи мақсуд осон аст. Имрӯз дар гурӯҳи тоҷикии факултети таърихи донишгоҳ донишҷӯён аз омӯзгорони ботаҷриба ва соҳибхирад, аз ҷумла, Д. Ҷӯрақулова, С. Шарипов, Б. Ғойибов, З. Аҳмадова, А. Бердиев, М. Набиев. Ҳ. Абрӯев ва дигарон асрори фанҳоро меомӯзанд.
Мехостам, ҳамаи ҷавонон вақти бекори худро пурмазмун гузаронида, аз пайи таҳсилу тадрис шаванд. Дониш омӯзанд, китоб хонанд, ҷаҳони маънавии худро бо илму дониш зеб диҳанд ва дар оянда донишҷӯи донишгоҳу донишкадаҳои бонуфуз гардида, номбардори Ватани азизамон шаванд.

Азизабону ЗАЙНИЕВА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ