Яке аз беҳтарин ҳимоягарони ҷаҳон мавсими навро дар таркиби “Бавария” оғоз мекунад


Дастаи “Бавария”-и Мюнхен трансфери Дайот Упамеканоро аз “РБ Лейпзиг” эълон кард.
Бино ба хабари маркази матбуотии “Бавария”, ҳимоягари “РБ Лейпзиг” аз 1 июл ба сурати расмӣ футболбози мюнхениҳо мегардад. Упамекано мавсими ҷориро дар таркиби дастаи Лейпзиг ба поён мерасонад.
Гуфта мешавад, ки нархи трансфери Упамекано 51 миллион евро мебошад.
Ӯ дар мавсими ҷорӣ дар 19 бозӣ иштирок кард ва як бор ба дарвозаи рақибон гол зад.
Ёдовар мешавем, имсол Давид Алаба ва ба эҳтимоли қавӣ Жером Боатенг, ки солҳои зиёд дар таркиби “Бавария” буданд, клубро тарк мекунанд. “Бавария” Упамеканоро ҳамчун ҷойгузин барои онҳо интихоб кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ