14-уми феврал — Зодрӯзи шоири ватандӯст ва ватанпарвар Ҳабиб Юсуфӣ




«АЗ МЕҲРУ ВАФО ҶИСМИ МАРО СОХТААНД…»

Шоири лирики хушадо, таронасарои беназири Ватан Ҳабиб Юсуфӣ дар таърихи адабиёти тоҷики садаи ХХ ҳамчун суханвари соҳибистеъдод мавқею манзалати хоси эҷодӣ дорад. Ӯ ҳанӯз соли 1936 ҳангоми таҳсил дар Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд дар маҳфили адабии навқаламон шеъри «Ишқи Ватан»-ро хонда, ба эътирофу таҳсини аҳли илму адаб, хоса Деҳотӣ барин шоири забардасти замонаш манзур гардида буд, ки он шеър бо ин байт оғоз меёфт:
Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам…
Аз шеър равшан ба мушоҳида мерасид, ки муаллифаш дар соҳаи назм машқи зиёде кардааст, яъне дасташ дар шеърнависӣ ба қавле «аллакай рост шудааст». Воқеан, шавқу ҳавас нисбати шеъру адабиёт Ҳабиби ҷавонро, ки соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи Юсуф-­домулло ба дунё омадааст, бармаҳал шефтаи худ намуда буд.Тарбияи оилаи бомаърифат, таълими мактаб­ҳои ибтидоию миёна ин шавқу ҳавасро зӯртар карда, лаёқати эҷодии ӯро ба кор даровардааст. Таҳсил дар Омӯзишгоҳи педагогӣ ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд, файзи маҳфилҳои адабӣ бошанд, ба рушди камолоти шоириаш созгор омадаанд. Ба хусус сӯҳбатҳои устод Айнӣ ва Деҳотию Зеҳнӣ барин адибони фозил барояш судманду фаромӯшнопазир шуданд. Ин буд, ки соли 1939 маҷмӯаи шеърҳои донишҷӯи донишгоҳ Ҳабиб Юсуфӣ бо номи «Таронаи Ватан» нашр гардида, номи ӯро ҳамчун шоири ватандӯсти тозагуфтор дар назми ин солҳо сабт менамояд. Баъди хатми донишгоҳ дар олами адаб чун шоири таронасарои Ватан, тарҷумони бомаҳорат ва мунаққиди нуктадон шӯҳратёр мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мафҳуми Ватан мураккаб ва баҳсталаб мебошад. Онро ҳар кас ба қадри фаҳмиши худ маънидод менамояд. Аммо аксар онро дар маънии хонаву ҳавлии падар, деҳаву ноҳияи истиқоматиаш мефаҳмад. Яъне, дар зери ин мафҳум зодгоҳи худро мебинад, ки хуни нофаш дар он ҷо рехтааст. Юсуфӣ, ки мисли аксар адибони ҳамзамонаш тарбияи даврони шӯравиро гирифта, дар рӯҳияи мафкураи ҳукмрон қаламфарсоӣ намудааст, гарчанд дар ашъор ғояҳои сохти коммунистиро маъқул карда бошад ҳам, аммо аз мағзи дилу ҷон онҳоро ҷонибдорӣ намекард. Зеро хуб медонист, ки ин сохт барои зиндагиву эҷоди озод, ифодаи тафаккур ва қадриятҳои миллӣ чандон мусоидат нест. Биноан, зодгоҳи худ, шаҳри латифи овозадораш Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистону Тоҷикистони азизашро бо тамоми овоз тараннум карда натавонист. Ӯ на танҳо бахту саодат, пирӯзӣ ва ба ном озодии замонашро, инчунин дарду ормонҳои инсоният, эҳсосоти абадзиндаи ҷанг, сулҳу осоиштагӣ, виҷдону ишқ, сидқу вафоро мутантан сароида, ҳамчун вассофи Ватан маъруф гашт.
Ҳабиб Юсуфӣ вақте дар васфи Ватан шеър мегуфт, зери мафҳуми он пеш аз ҳама таърихи маданияти бисёрҳазорсолаи халқи худро, яъне девони Ҳофиз, «Гулистон»-и Саъдӣ, пандҳои Аттору рубоиёти Хайём, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Румиро дар назар медошт. Барои ӯ Ватан мафҳуми маънавӣ буд, ки дар хату забон, панду ҳикмат ва китобҳои ниёгонаш доман густурдааст. Ин аст, ки дар ашъори ватанхоҳиаш борҳо ба муаллими ахлоқ – Саъдии хирадманд пайравӣ намудааст:
Он на ман бошам, амон
бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-­ин дам
фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам,
ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-­андар
миёни хоку хун бинӣ саре».
Воқеан, Ҳабиб Юсуфӣ соҳиби истеъдоди модарзод, фитрӣ буд. Ин нури илоҳӣ дар дилу хун ва мағзи сари ӯ маъво гирифта, сиришташро аз меҳру вафо зеб додааст. Минбаъд он дар роҳи душвори зиндагӣ аз меҳнати пурмашаққати эҷодӣ сайқал ёфтааст. Истеъдоди нотакрор ба шеъри ӯ оташу рангҳои муассир ато намудааст, ки маҳз насиби ӯ, на каси дигар гардида буд. Ин истеъдод солҳои Ҷанги Ватанӣ мисоли барқ ғуррид, монанди рангинкамон дар осмони шеъри солҳои сиюми садаи ХХ тоҷик мӯъҷизаосо дурахшид. Ин ҳолати нодир боиси ҳасаду нотавонбинии баъзеҳо ҳам гардид, ки аз ҳикмати «Бо худододагон маситез, ки ба онҳо худо додааст»-и халқ бехабар буданд…
Ҳамин тавр, барои Ҳабиб Юсуфӣ Ватан бузургтарин «хазинаи илҳом», маъбади маъбадҳо, меҳроби меҳробҳо буд. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали Ҷанги Ватанӣ сар карда, бо сатрҳои оташин ва ҳ

ая­ҷонангез халқро ба муборизаи беамон бар алайҳи душман даъват намуд.
Чунончи, рӯзи дуюми ҷанг шеъри ӯ «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» барқосо эҷод гардид, ки онро рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» 17-уми июли соли 1941 чоп мекунад:
Вақти он аст,
Эй қалам,
Буррандатар гардӣ зи теғ.
Вақти он аст,
Эй сухан,
Ғуррандатар гардӣ зи барқ…
Дар шеърҳои шоир муҳаббати Ватан, ифтихор аз озодӣ ва саодати халқ, боварӣ ба оянда ҳаяҷон­ангез тараннум ва ситоиш ёфтааст. Шеърҳои ӯ «Ба Ватан», «Ватани дил», «Дил диёри ман гӯяд», «Манзараи Кавказ», «Мактуб аз Шарқи дур» таъсирбахшу гӯшнавозанд:
Қалам ба даст бигирам,
ки шеър бинвисам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ватан, чу нағмасаро аст дил зи меҳри ту,
Туро хазинаи илҳоми хештан гӯяд.
Ӯ дар шеърҳои «Таърих дидааст…», «Интиқом!», «Мо ба душман зарбаҳои душманафкан медиҳем!», «Амон нест!», «Муҳаббат ва ҳақиқат» қудрату тавоноии давлату халқро рӯҳафзо тараннум намуда, кинаву адовати онҳоро нисбати душманон бо маҳорат ба қалам додааст. Дар онҳо ҳисси интиқом бо адовати нисбат ба душман доштаи халқ тавъам буда, пуршӯру боҷаранг мазмуни поэтикӣ касб намудаанд. Ин ашъори ҷанговаронаи ба озодихоҳию ҳаётдӯстӣ сафарбаркунанда бо мазмуну образҳои нави зиндагӣ, бо ҳиссиёти боварӣ ба ғалаба, ба аҳду вафо, халқу Ватан дар сатҳи баланд болу пар задааст:
Оре,
Ҳаёт, ишқ,
садоқат, бародарӣ –
Чун модар
Ин ҳама суханони муқаддасанд.
Лек, интиқом,
ту ба ман ин дам зи ҳар сухан
Қиматтару азиз.
Муқаддастару баланд!

Дар шеъри «Таърих дидааст» тавоноӣ, қудрату бузургӣ ва безаволии халқ ва ҳаққонияти кори ӯ тавсиф шудааст. Шоир бо образҳои барҷаста, забони буррои оташин ва ҳарорати бузурги шоирӣ мақсаду ваҳшониятҳои фашистонро, ки «аз номи халқи немис» ва «барои халқи немис» эълон карда буданд, фош мекунад. Ӯ душмани қаттоли халқи немис будани фашизмро таъкид намуда, ба «халқи бузурги Ҳейнеи оламшумул» хитобан мегӯяд, ки тантанаи кори ҳақ дар роҳи озодӣ ҳамеша пойдор ва интиқоми он барҷост:
Таърих дидааст ҳазорон ҳазор бор
Барқ аст,
Оташ аст,
Бод аст интиқоми халқ!
Ҷаллоди халқ!
Бар абас ин изтироби ту:
Мирад ҳазор чун
туву монад мароми халқ!
Дар ҳақиқат, роҳи нотамоми эҷоду ҷасорати ҷангии муборизи содиқи Ватан Ҳабиб Юсуфӣ намунаи ибрат аст. Ӯ моҳи марти соли 1942 ба мактаби офитсерӣ фиристода шуда, пас аз хатми он ба фронт сафарбар мегардад. Ба ҳайси командири батареяи миномётҳо дар муҳорибаҳои Ленинград, шаҳрҳои соҳили Балтика ва Полша бошуҷоат меҷангад. Муборизи содиқи Ватан дар он рӯзҳои мудҳиш ҳам мутолиаи осори ниёгон ва бузургдошти ҳофизаи халқро ғанимату муқаддас медонист:
«…Бародар, вақте ки ман асарҳои Саъдии Шерозиро мехондам, аз ҳаёти пурфоҷиа ва амалиёти ҷанговаронаи шоири бузург дар тасаввури ман лавҳаи ибратангез ҳосил мешуд. Аммо равшан тасаввур карда наметавонистам, ки ҳаёти ҷанговаронаи Саъдӣ ва Лермонтов барин нависандагони номдор дар размгоҳи пурдаҳшат чӣ гуна буд. Акнун фаҳмидам, чунки ҳаёти фронтии ман он лавҳаро равшантар кард… Гоҳ бо ротаи худ ба ҳуҷум меравам, гоҳ дар хатти мудофиа ва гоҳе дар вақти истироҳат дар камингоҳ ва блиндаж (заминкан) нишаста якчанд байт дар дафтари хотира менависам. Онҳоро ба ҷанговарони худ хонда ва фаҳмонда медиҳам. Чӣ мегӯӣ, ки ҳамаи ҷанговарони ман аз зиндагии Саъдӣ ва Лермонтов маълумоти пурра доранд…
Дар охир ҳаминро гӯям, ки муҳаббати Ватан ва халқ ҳар яки моро қувваи чандин Рустам бахшидааст. Дар тамоми умр ба халқ, ба дӯстон содиқ ва манфиатбахш будан лозим аст. Шояд ин мактуби охирин бошад. Дигар фурсати гап нест, чунки мо ҳозир ба ҳуҷум рафта истодаем…»
Дӯсти солҳои ҷавонӣ, шарикдарси Ҳабиб Юсуфӣ дар Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии шаҳри Самарқанд устоди шодравон Раҳмон Эгамбердиев ҳам дар бораи ин шоири лирики шайдо ва романтик бисёр нақлҳои хотирмон доштанд. Солҳои донишҷӯӣ устод ба мо донишҷӯён мактубҳои Юсуфиро бо меҳр ва дарду ормонҳо хонда медоданд. Ман баъзе пораҳои ин мактубҳоро дар ҳошияи дафтари худ сабт ҳам карда будам. Инак, Юсуфӣ ба дӯсти садоқатманди худ чунин навишта буд: «Ман дар шеърҳоям «Ватанро ҳимоя кунед, душманро занед» гўяму худам дар канор истам, – ин аз ҳар гуна гуноҳ қабеҳтар аст»; «Ҷўра, чӣ будани ҷангро акнун

фаҳмидам. Мо бозиҳои худамонро ҷанг гуфта мегаштем, маънояшро аз луғатҳо мекофтем. Тафсири ҷанге, ки ман дида истодаам, аз сад китоб ҳам зиёд аст, ки ҳар варақаш аз як даҳшату як таърих иборат аст. Дидану донистани инҳо ба ман зарур аст»; «Ҷўра, имрўз «дағдағаи» душман андак кам шуд. Ман фурсатро ғанимат дониста, ба землянка» (заминкан)-и гирёнам фаромадам. Дар зери чак-­чаки оби барф романи «Вой­на и мир»-ро хонда баромадам…»; «Ҷўра, маро табрик кунед, ман забони франсузиро хонда истодам. Ин ҷо як солдати ҷавон – хатмкардаи факултети забонҳои хориҷӣ омад. Ман ўро муаллими худ таъин кардам, ў вазифа месупораду ман адо мекунам. Афсўс, ки китобу луғат надорам»…
Оре, Ҳабиб Юсуфӣ суханвари бемисле буд, ки қавлу амалаш як буданд. Ӯ фарзанди вафодори Ватан, муборизи ҷасур ва шоири навовар буд, ки байти зеринаш сиришти поку пурэҳсосашро равшан ифода менамояд:
Аз меҳру вафо ҷисми маро сохтаанд,
Дар кӯи вафодориям андохтаанд.

Ҳамин тавр, фарзанди асилу вафодори Ватан Ҳабиб Юсуфӣ солҳои ҷанг тамоми қувваи маънавӣ ва ҷисмониашро дар мубориза ба муқобили фашистон сафарбар кард. Ӯ барои ҷасоратҳои ҷангиаш бо ордени «Ситораи Сурх» ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шуд. Дар мактубҳое, ки аз фронт роҳӣ мекард, кинаву адовати бемислашро нисбати душман ва бовариашро ба ғалаба рӯҳафзову илҳомбахш баён намуд. Ин муборизи бошуҷоъ, ки роҳи ҷангиашро ба Самарқанду Сталинобод фақат бо ғалаба ба воситаи Берлин аз дилу ҷон мехост, 22-юми феврали соли 1945 дар ҷангҳои атрофи Варшава қаҳрамонона ҳалок гардид. Сад дареғо, ки ҷасорати ҷангӣ ва сатрҳои ашъораш нотамом монданд…
Оре, Ҳабиб Юсуфӣ мисли Саъдӣ ва Ҳёте умри дароз надид. Ҳамааш шуда 29 сол умр дид. Аз онҳо қариб 8 солашро сарфи эҷод намуд. Аммо чун Лермонтов ва Мӯсо Ҷалил дар осмони шеър барқосо дурахшид. Хости Худованд буд, ки истеъдоди ба ӯ додаашро боз пас гирифт…
Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз муносибат ба муаммоҳои адабиёти муосири тоҷик, ки онро пештар адабиёти советии тоҷик мегуф­тем, ҳамчунин ба мақому мартабаи симоҳои бузурги он ва хоса Ҳабиб Юсуфӣ нигоҳи навро мехоҳад. Зеро дар солҳои аввали Истиқлол дар ҷомеаи Ӯзбекистону Тоҷикистон тағйироти зиёде ба вуҷуд омада, аз барномаи таълиму тадриси макотиби миёнаву олӣ баъзе асарҳо бидуни андешаву мулоҳиза берун карда шуданд, осори шоирону нависандагоне зери тозиёнаи сахти танқид қарор гирифтанд, ки дар эҷоди онҳо таърифи сохти Шӯравӣ вуҷуд дошт. Аз ин ҷараён ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ҳам дар канор намонд. Имрӯз зарур аст, ки шеъри ӯ аз нигоҳи нав мавриди баррасӣ қарор ёбад ва ашъори ватанхоҳӣ ва инсондӯстонааш аз китобҳои дарсӣ ҷойи муносиб гиранд.
Сабабҳои шеъри таърифӣ гуфтан, асосҳои ба тарҷумаи шеър ва таҳлили масъалаҳои робитаҳои адабии тоҷику рус пардохтан, эҳсоси баланди лирикии ӯро ҳам амиқан бо назардошти имрӯз маънидод кардан лозим аст. Асосҳои иҷтимоию сиёсии онҳоро пайдо ва нишон додан талаби замон мебошад. Инчунин сабабҳои озод фикр баён карда натавонистани ӯро аз вазъи носозгори замони зиндагии шоир, ки аз ҳар навъ таъқибҳову бадномкуниҳои аҳли эҷод моломол буд, ҷустан ба мақсад мувофиқ аст.
Юсуфӣ шоири навҷӯ, навовар аст. Вазни назми ӯ, монанди шоирони дигари мо, асосан арӯз бошад ҳам, шоир дар солҳои охири эҷодаш тарафдори вазн ва ченаки нави шеърӣ буд, ки пеш аз ҳама ба тақсимоти дохилии мисраъҳо аз рӯи маъно асос ёфтааст. Чунин тарзи баён шеъри ӯро таъсирбахштар, оҳангноктар ва дар ифодаи мазмун пурқувваттар кардаанд.
Дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ тарҷимаи бадеӣ мавқеи ҷудогонаро касб менамояд. Ӯ дар муддати кӯтоҳи фаъолияти адабии худ асарҳои Пушкин, Лермонтов, Крилов, Одоевский, Шевченко, Маяковский ва Ҷамбулро бо шавқу ҳаваси зиёд ба тоҷикӣ баргардонидааст. Вале бештар ба тарҷимаи лирика ва достонҳои ҷудогонаи Лермонтову Пушкин камари ҳиммат бастааст, ки таъсири шеърҳои онҳо дар эҷодиёти ӯ равшан ба назар мерасанд. Ин таъсир пеш аз ҳама дар тарзи баён, ифода ва ҳатто як андоза дар услуби шеъргӯии ӯ ҳам ба мушоҳида мерасад. Инро дар мисоли муқоисаи тарҷимаи шеърҳои «Мактуб ба Сибир»-и Пушкин, «Бодбон»-и Лермонтов ва «Абр» ном шеъри худи ӯ ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.
Ҳабиб Юсуфӣ ҳамчун адабиётшиноси борикбин

ва ҳақгӯй дар бораи шеъри асил, масъулияти шоир дар назди замону хонанда мақолаҳои ҷиддӣ ҳам навиштааст. Ӯ дар онҳо адибони тоҷикро ба тасвири реалистона, ба тасвири «роҳи пурнури ҳақиқат» даъват намуда, аз «чаҳи бемаънигӣ», «аз роҳи Бедили нав», яъне аз шаклпарастии пуч ва иборапардозии хушку холӣ дур шудан ҳидоят намудааст, то ки « нуктаҳои нозуки ашъорро» гум накунанд.
Ҳамин тавр, Ҳабиб Юсуфӣ шоири шаҳир, тарҷумони нотакрор, адабиётшиноси ҳақгӯ ва зукко буд, ки истеъдодаш худодод буд. Ҳирси баланди мутолиа, омӯхтани ҳаёт ва кӯшишҳои ҷустуҷӯкоронаи эҷодӣ ба истеъдоди ӯ созгор омада, ба мероси эҷодиаш ҳусну таровати дилнишин бахшидааст. Ба ин маънӣ, шеърро зиндагиномаи шоир медонанд. Яъне, ин сарнавишт на аз санаву рақамҳо, далелу маълумотномаҳо, балки аз эҳсосоти қалб, изтиробу шодӣ, ҷудоиву ормонҳо, парвози ҳиссиёту мазмуни поэтикӣ таркиб меёбад. Дар тасаввури Ҳабиб Юсуфӣ ҳам, шеъри асил ҳамин тавр аст. Аз ин ҷост, ки қаҳрамони лирикиаш дар олами пурасрори шеър муттасил пайроҳаи нав меҷӯяд, аз дардҳои умумиинсонӣ рӯҳан азият мекашад. Эҳсосоти гуворо ва баъзан дардомез шеъри ӯро бо анъанаҳои халқиву замонавӣ пайваста, як навъ латофату малоҳати маънисозро ба миён меоваранд.
Дар тарғибу талқини шахсияти Ҳабиб Юсуфӣ ва осори пурмӯҳтавои ӯ заҳматҳои олими маъруфи робиташинос, фарзанди обрӯманди Самарқанд Ҳамроқул Шодиқулов шоистаи таҳсин аст. Маҳз ба туфайли саъю кӯшиши бардавоми ӯ ду маротиба (солҳои 1973 ва 1987) осори шоир ба чоп ҳозир шудааст. Ӯ аз аввалинҳо шуда, дар қатори Холиқ Мирзозода, Шавкат Ниёзӣ барин фарзандони обрӯманди Самарқанд дар бораи ҳамшаҳри худ мақолаҳои пурмӯҳтаво навишта, дар рисолаи номзадиаш дар мисоли эҷодиёти Пайраву Юсуфӣ масъалаи анъанаю навовариро дар назми солҳои 30-юм мавриди амиқи баррасӣ қарор додааст, ки дар шинохти чеҳраи эҷодии ин шоири нав­писанду навовар мақому ҷойгоҳи муносиб доранд.
Мегӯянд, ки Ватан онҳоеро, ки сарвати маънавии ӯро зиёд мекунанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ба онҳо умри абадӣ медиҳад. Ба ҳамин маънӣ, адабиётро абадият ҳам медонанд. Ҳабиб Юсуфӣ дар шеъри «Хайр, эй адиб», ки ба адиби ватанхоҳ Островский бахшида шудааст, дардомез чунин навишта буд:
Афсӯсҳо ки умр бароят вафо накард,
Сози ту нағмаи зафарашро адо накард.
Барои худи Юсуфӣ ҳам умр вафо накард, рӯзҳои Истиқлоли Ватанро дидан насибаш нашуд. Роҳи зиндагиву эҷодаш нотамом монд. Аммо мегӯянд, ки осори баркамоле, ки аз он нафаси инсон, қалбу рӯҳияти он рӯҳафзо эҳсос мешавад, ба ҷовидонӣ дахлдор. Биноан, шахсияти поку нотакрор ва эҷодиёти бузургаш, ки барои инсоният намунаи ибрат аст, мансуби абадият мебошад. Яъне, ӯ солҳои сол чун виҷдон, ғурур ва ифтихори замони худ, чун идомаи мавҷи рӯҳии ҷадидони давронсоз лоиқи ёдбуд ва омӯзиш мемонад. Ҳа, ба қавли Иқбол «ҳаёти ҷовидон андар ситез аст». Корномаи ҷангӣ ва мероси пуртаровати эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ ҳам аз мавҷҳои ҳаёт оқиб намонда, имрӯз ҷавононро ба меҳру садоқат нисбати халқу Ватан ҳидоят менамоянд. Зеро ин суханвари романтик ҳаётдӯстона гуфтааст:
Ҳаёт ҷӯшзанон меравад
Ба суръати том
Ба сӯи бахти наву фатҳи тоза беором.
Ба суръате, ки надидаст то ҳанӯз олам,
Ба ҷӯшише, ки набуда дар уқёнус ҳам.
Ҳаёт медаваду пеш меравад…
Ҳайҳот!
Дило, ту низ намон пас зи мавҷҳои ҳаёт.

Абдусалом САМАДОВ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дотсент.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ