Билл Гейтс: Ҷаҳонро фоҷиаи нав интизор аст




Муассиси Microsoft, яке аз сарватмандтарин инсонҳо ва хайрхоҳи номӣ, ки дар пайдоиши коронавирус ӯро айбдор мекунанд, пешгӯӣ намудааст, ки ҷаҳон пас аз пандемияи коронавирус боз ба ду фоҷиа дигар дучор мешавад.

Биотерроризм ва тағйири иқлим

Пешгӯии Гейтсро YouTube-канали Veritasium нашр намудааст. Ба изҳори ӯ, яке аз ин фоҷиа ин тағйирёбии иқлим мебошад, ки ҷаҳон ба чунин дигаргунӣ тамоман омода нест.

Гейтс мегӯяд, ҳамасола сатҳи маргу мир аз ин омил ба фарқ аз талафот дар замони пандемия бештар хоҳад шуд.

Номбурда, ҳамчунин, аз таҳдиди биотерроризм гуфт, ки ҷаҳонро метавонад ба даҳшат орад.

“Ҳоло агар касе хоҳад ба ҷаҳон зарар расонад, вирусро эҷод мекунад ва таъсири он аз эпидемияи табиӣ бадтар хоҳад буд”, — илова намуд Гейтс.

Билл Гейтс ҳанӯз моҳи январи соли гузашта аз пандемияи навбатӣ ҳушдор дод, ки даҳ маротиба аз вируси  COVID-19 бадтар аст. Ба ақидаи ӯ, ба ин таҳдидҳо ҳамон тавре, ки ба таҳдиди  ҷанги ҷаҳонӣ омодагӣ дид, бояд ҳамин гуна муносибат кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ