15-уми феврал — Зодрӯзи Саидризо Ализода (1887-1945)Олиме, ки Қуръони каримро ба франсавӣ тарҷима кардааст


Самарқанд дар аввали асри 20. Гузари Чорроҳа. Солиёни дароз дар яке аз ҳавлиҳои он намояндагони миллатҳои гуногун рафтуомад доштанд. Онҳоро донишу фазл, меҳмондорию забондонии соҳиби хона Мирмаъсум Ализода мафтун карда буд. Мирмаъсум аз ҳар сафараш ба онҳо хабарҳои тоза дастовез меовард. Рӯзномаҳои «Ҳавалулматин», «Тарҷумон», «Чеҳранома» дар нишастҳои онҳо мавриди қироату баҳс қарор мегирифт.
Мирмаъсум Косиб забонҳои арабӣ, туркӣ ва ҳиндиро медонист ва писараш Саидризо Ализодаро аз забони арабиву улуми динӣ бархӯрдор намуда, баъдан ба мактаби Абулқосими тараққипарвар медиҳад.
Пас аз соҳибмаълумот гардидан, Саидризои ҷавон дар гузари худ мактаби ҷадидия мекушояд. Чанде пас бо амри ҳукуматдорон ин мактабро (соли 1912) мебанданд. Саидризо Ализода то Инқилоби Бухоро маҷбур мешавад дар корхонаи падараш ба бофандагӣ машғул шавад.
Исмоил Ҷаъфарзода нақл кардааст, ки боре Мирмаъсум писараш Саидризоро ба Озарбойҷон ба хонаи хеши давлатманду бомаърифаташон, яке аз роҳбарони ширкати калони нафти Боку Зайналобиддин Тағӣ бурдааст.
Саидризо бо ҳидояти Зайналобиддин Тағӣ ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул мешавад. Баъд аз он номи яке аз писарашро ҳамчун эҳтиром Тағӣ ҳам мемонад.
Хонаи С.Ализода ба маҳфилгоҳи илму адаб дар Самарқанд шуҳрат пайдо карда буд ва Садриддин Айнӣ, Туғрал, Чӯлпон, Абдурауф Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Хоҷа Абдулазиз, Абдулқосим Лоҳутӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ ба он ҷо рафтуомад доштанд.
Баъд аз Инқилоби Октябр Саидризо Ализода муаллифи аввалин адабиёти таълимӣ ба забони тоҷикӣ мебошад, ки «Дабистони тоҷик» (1920), «Сарфу наҳви тоҷикӣ», «Саодатнома» (1926) аз ҷумлаи онҳоянд.
Ҳамчунин, дар соли 1926 асари Е. А. Бертелс «Мовароуннаҳр» -ро ба забонҳои тоҷикӣ, урду, фаронсавӣ, ҳиндӣ, арабӣ, туркӣ тарҷума намуда, дар шаҳри Лоҳур ба чоп мерасонад. Бо хоҳиши писараш Исмоил Қуръони Каримро ба забони фаронсавӣ тарҷума ва нашр мекунад. Ҳоло ин Қуръон дар осорхонаи Париж маҳфуз аст.
Бори охир Саидризо Ализода соли 1936 ба ҷурми забондониаш (гӯё гумоштаи империализми ҷаҳонӣ будан) гирифтори таъқиб мегардад, ки дар натиҷаи он соли 1945 (дар ҳуҷҷатҳояш соли 1938 нишон дода шудааст), баъд аз маҳрумияти 8 — сола дар зиндонҳои Самарқанду Тошканду Таболск риштаи умраш дар зиндони шаҳри Владимири Русия канда мешавад.
Дар давоми 8 соли зиндонияш 400 нома ба роҳбарони давлат менависад, ки ҳамааш бе ҷавоб мондааст. Ҳамон сол писараш Исмоил Тағиро бо домодаш ҳабс карда буданд. Домодаш яке аз нависанда ва тарҷумонҳои шинохтаи замонаш Ҳасан Ирфон буд.
Баъди 32 соли марги ӯ набераҳояш дар ҷустуҷӯи қабри бобояшон то маҳбаси Владимир мерасанд. Он ҷо сардори маҳбас Ривинскийро меёбанд ва ин шахс нақл кардааст, ки дар муқоваи парвандаи Саидризо Ализода аломати хитоб гузошта буданд, ки он маънои маҳбуси хело хатарнокро нишон медод. Бо вуҷуди ин, байни Ривинский ва Саидризо алоқаи дӯстӣ барқарор мегардад.
Саидризо Ализода ба Ривинский забони яҳудиро меомӯзонад. Одатан маҳбусҳоро баъд аз ҳукми қатл дар хандақҳо якҷоя хокпӯш мекарданд. Вале Ривинский ҷасади Ализодаро алоҳида мегӯронад ва дар болои қабраш тахтасанге бо навиштаҷот мегузорад.
Ӯ то вохӯрӣ бо наберагони марҳум нигоҳубини қабрро ба зимаи худ гирифта буд.
Соли 1975 набераҳояш ҷасади бобояшон Саидризо Ализодаро ба Самарқанд оварда, ба хок месупоранд.
Ҳамон сол дар Самарқанд як кӯча ва як мактабро ба номи Саид-ризо Ализода мегузоранд.
Ҷумҳур ҶАЪФАРЗОДАИ САМАРҚАНДӢ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ