Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Сурия пойгоҳи нав месозад


Эътилофи (коалитсия) байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти роҳбарии ИМА дар Сурия пойгоҳи нави низомӣ месозад. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ ба нақл аз «Al Hadath» хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки пойгоҳ дар маҳалли Айн Давари вилояти Хасеке сохта мешавад. Ин маҳал дар минтақаи сарҳадии миёни Сурия бо Туркия ва Ироқ ҷойгир аст.
Бояд гуфт, ки дар шимоли шарқии Сурия тақрибан 8 пойгоҳи низомӣ дорад.
Калонтарин пойгоҳи амрикоӣ дар ҳудуди нафтии Сурия, ки бо курдҳо муштаракан назорат мешавад, ҷойгир мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ