Дар поёни ҳафта ҳавои боронӣ мунтазири мо аст

Дар поёни ҳафта ҳавои боронӣ мунтазири мо аст
Бино ба маълумоти хадамоти ҳавошиносии Ӯзбекистон – “Ӯзгидромет”, дар поёни ҳафта ҳаво дар кишвари мо тағйир хоҳад ёфт.
Мутахассисон дар рӯзҳои 18-19 феврал шадидан дигаргун шудани ҳаворо пешбинӣ мекунанд.
Дар поёни ҳафта дар Ӯзбекистон ҳаво боронӣ хоҳад буд. Дар шимол эҳтимоли боридани борону барф вуҷуд дорад.
Қабл аз тағйир ёфтани ҳаво, рӯзона ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то 27 дараҷа гарм хоҳад шуд. Гармшавии ҳаво натиҷаи ворид шудани шабакаи гарми ҳаво аз ҷануби Эрон мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ