Покистон аз Ӯзбекистон хариди нафту газро афзоиш медиҳад


Намояндагони ширкати давлатии “Ўзбекнефтгаз” ва “AKD Group” (Покистон) дар Тошканд мулоқот карданд. Дар ин бора агентии “Дунё” хабар дод.
Дар ин мулоқот масъалаи афзоиши экспорти маҳсулоти нафтӣ ва гази Ӯзбекистон ба Покистон баррасӣ шуд.
Дар поёни мулоқот тарафҳо дар бораи рушди ҳамкории дуҷониба чанд ҳуҷҷатро имзо карданд.
Ширкати покистонии “AKD Group” соли 1973 таъсис ёфтааст. Ин ширкат дар соҳаҳои гуногун фаъолият дорад, ки истеҳсоли захираҳои табиӣ аз ин ҷумла мебошад.
Ёдовар мешавем, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар маҷлисе дастур дода буд, ки экспорти газ ба хориҷа кам гардад ва бештар барои таъмини аҳолӣ сарф шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ