Соли гузашта қариб 25 ҳазор гектар замин ба фоидабарии хоҷагии қишлоқ дароварда шуд


Бино ба маълумоти хизмати ахбори Шӯрои вилоятии хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигӣ соли 2020 дар вилояти Самарқанд 24708 га замин, аз ин, аз ҳисоби 3788 га замини обёришаванда, 20000 га майдонҳои лалмӣ ва чарогоҳ ба фоидабариии хоҷагии қишлоқ дароварда шуд.
Ба ин майдонҳо 5187 га боғ, 9345 га токзор ташкил гардид. Инчунин, ба 1784 га замин зироати лӯбиёгӣ, ба 521 га зироати равғандор, ба 382 га зироати сабзавот, ба 629 га зироати полизӣ, ба 3813 га майдон зироати озуқабоб ва ба 3000 га навъи дигари зироат кишта шуд. Барои ба фоидабарӣ даровардани майдонҳо 16,7 километр сохтори ирригатсионӣ беҳ гардид. 23 адад чоҳ, 1 адад агрегати насос бунёд гашт ва корҳои реконструксия амалӣ гардид. Дар натиҷа, 1,4 ҳазор га замин аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ ба истифода дароварда шуд.
Дар соли 2021 аз ҳисоби азхудкунии майдонҳо 4467 га ва 3253 га майдони аз фоидабарӣ баромада ба истифода дароварда шуда, 1,2 ҳазор га боғ ва 3,9 ҳазор га токзор барпо мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ