5 маълумоти ҷолиб дар бораи китоб




1. Бузургтарин китоби дунё 300 саҳифа дорад, ки дарозиш 3 метр ва вазнаш 257 кг мебошад.
2. Бузургтарин китобхонаи дунё дар Вашингтони Амрикост ва китобхонаи Конгресс ном дорад. Рафҳои китобмонии ин китобхона ба ҳадде дароз аст, ки агар савори як мошин шавед ва бо суръати 70 км дар соат ҳаракат намоед, барои расидан ба охири рафҳои ин китобхона бояд ҳудуди ҳашт соат сафар кунед.
3. Дар замонҳои қадим китобҳо ба сурати саҳифабандинашуда ва дар бастаҳои 24 варақӣ ба фурӯш гузошта мешуданд. Бинбарин агар касе китоб мехарид, бояд ба саҳҳоф ҳам муроҷиат мекард ва варақҳоеро, ки харида буд барои саҳҳофӣ дар ихтиёри ӯ қарор медод.
4. Тибқи омори эълоншуда тавассути Google то соли 2010, 129 млн 864 ҳазору 880 нусха китоб дар саросари дунё нашр шудааст, яъне рақаме баробар ба аҳолии Мексика (даҳумин кишвари сераҳолии дунё). Ин омор рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Пас агар касе мегӯяд: наметавонам як китоби хуб барои мутолиа пайдо кунам, бояд бештар ҷустуҷӯ кунад.
5. Гаронарзиштарин китобе, ки то ба имрӯз ба фурӯш рафтааст 30.8 млн долар нарх доштааст. Китоби “Мустанадоти Лестер” навиштаи Леонардо Да Винчи бо қимати 30.8 млн долар аз ҷониби Билл Гейтс харидорӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ