Экспорти либосҳо 30 дарсад афзоиш ёфт


Ӯзбекистон соли 2020 ба кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 459,3 миллион доллар пӯшокиҳо экспорт кард. Дар ин бора Кун.уз хабар дод.
Бино ба маълумоти кумитаи омори (статистика) Ӯзбекистон, ҳаҷми экспорт нисбат ба соли 2019 30 дарсад афзоиш ёфт.
Ӯзбекистон соли гузашта асосан ба ин кишварҳо либос экспорт кард: Россия (ба арзиши $247,2 миллион), Қирғизистон ($170,6 миллион), Қазоқистон ($17,5 миллион), Украина ($4,9 миллион), Тоҷикистон ($4,8 миллион).
Вилоятҳои Андиҷон, Тошканд ва шаҳри Тошканд нисбат ба дигар минтақаҳо бештар либос экспорт карданд.
Дар соли 2020 ҳаҷми экспорти маҳсулоти бофандагӣ 1,9 миллиард доллар буд.
Экспорти маҳсулоти бофандагӣ нисбат ба соле қабл 295,3 миллион доллар зиёд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ