Сервер Осмонов витсе-президенти якуми Ассотсиатсияи футболи Самарқанд таъин шуд

Дар толори анҷумани матбуотии стадиони «Динамо» бахшида ба иҷрои Қарори Девони Вазирон аз 22-юми майи соли 2020 «Дар бораи чораҳои дастгирии минбаъдаи фаъолияти ассотсиатсияҳои футболи минтақавӣ» маҷлис баргузор гардид.

Дар он оиди корҳое, ки дар вилоят доир ба таъмини иҷрои қарор анҷом дода шудаанд, дар Самарқанд барои ба сатҳи нав баровардани футбол чӣ тадбирҳо андешида мешавад, нақл карда шуд.

Ҷонишини ҳокими вилоят Б.Нуруллоев, мушовири витсе-президенти якуми Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Р.Зикриёев, собиқадорони варзиш ва мураббиён дар ин робита ибрози андеша карданд.

Дар маҷлис Сервер Осмонов витсе-президенти якуми Ассотсиатсияи футболи Самарқанд таъин шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ