Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Дар бораи тасдиқ кардани миқдори камтарини пардохти иҷорапулӣ дар вилояти Самарқанд барои истифода аз амволи ғайриманқули давлатӣ дар соли 2021
Мувофиқи банди сеюми қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 8-уми апрели соли 2009 «Дар бораи чораҳои такмил додани тартиби ба иҷора додани амволи давлатӣ» таҳти рақами 102 (Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2009, шумораи 15, моддаи 186), бо дарназардошти миқдори камтарини пардохти иҷорапулӣ барои истифодаи амволи ғайриманқули давлатӣ дар соли 2021, ки бо хати Агентии идоракунии активҳои давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми январи соли 2021 таҳти рақами 01/04–19–70 дар созиш бо Агентии идоракунии активҳои давлатӣ, Вазоратҳои рушди иқтисодӣ ва ихтисори камбизоатӣ ва молия тақдим карда шудааст
ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Зеринҳо:
    миқдори камтарини иҷорапулӣ дар вилояти Самарқанд барои истифода аз амволи ғайриманқули давлатӣ дар соли 2021 мувофиқи иловаи 1;
    коэффитсиентҳои марбут ба меъёри пардохти иҷорапулӣ тибқи иловаи 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сардори Садорати ҳудудии маркази ташкили истифодаи самараноки объектҳои холии вилоят (Б. Пайшанов):
    ташкил ва ба иҷора додани амволи давлатӣ;
    ба ҳисоб гирифтани амволи давлатии ба иҷора додашуда ва маблағҳое, ки аз ин ҳисоб ба даст меоянд ва мониторинг намудани он;
    ташаккули пойгоҳи маълумотҳо роҷеъ ба амволи давлатие, ки ба иҷора дода мешаванд;
    назорати истифодаи мақсадноки объектҳои иҷора, ҳифз намудани онҳо, инчунин, саривақтӣ ва пурра пардохт кардани иҷорапулӣ;
    дар матбуоти даврӣ ва веб-­сайтҳои Садорати ҳудудии Агентии идоракунии активҳои давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ва Садорати ҳудудии Палатаи савдо ва саноати вилоят ҷойгир намудани эълонҳо дар бораи амволи истифоданашудаи давлатӣ ва рӯйхати амволи давлатии ба иҷора пешниҳодшавандаро таъмин намояд.
  3. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сардори Садорати ҳудудии маркази ташкили истифодаи самараноки объектҳои холии вилоят (Б. Пайшанов), сарвари Садорати андози давлатии вилоят (А. Иноғомов), ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо бо мақсади дар ҳудудҳо ба тартиб овардани муносибатҳои иҷора, дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи амволи давлатие, ки ба иҷора дода мешаванд ва ҷалби маблағҳои иловагӣ ба буҷет, дар ташкил ва баланд бардоштани сатҳи самарадории ба иҷора додани амволи давлатӣ аз тарафи дар баланс нигоҳдорандагон, ҳамкории байниҳамдигариро ба роҳ монанд.
  4. Дар соли 2021 барои ташкилотҳои буҷетие, ки дар бино ва хонаҳои давлатии ҳудуди вилоят ҷойгир шудаанд, пардохти иҷора ба миқдори сифр (нол) муқаррар карда шавад.
  5. Роҳбари хизмати ахбори ҳокимияти вилоят – котиби матбуот (М. Мирзоев), корхонаи давлатии унитарии «Маркази рушди технологияҳои ахборӣ-­коммуникатсионӣ»-и назди ҳокимияти вилоят (А. Анваров) эълони қарори мазкурро дар рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», инчунин ҷойгир намудани онро дар веб-­сайти расмии ҳокимияти вилоят таъмин намоянд.
  6. Қарори ҳокими вилоят аз 29-уми январи соли 2020 «Дар бораи тасдиқ кардани миқдори камтарини пардохти иҷорапулӣ дар вилояти Самарқанд барои истифода аз амволи ғайриманқули давлатӣ дар соли 2020» таҳти рақами 15-Қ аз эътибор соқит дониста шавад.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов вогузошта шавад.
  8. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
12-уми феврали соли 2021 № 18-қ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ