Дар соли 2021 чӣ қадар ҷойи нави корӣ ташкил хоҳад шуд?


Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки роҳбари Сарсадорати таъмини шуғли вилоят Исроил Ҷабборов ва мутахассисони соҳа мазкур анҷумани матбуотӣ доир гардид.
И.Ҷабборов ба ходимони воситаҳои ахбори оммавии вилоят дар бораи моддаҳои 22 (ташаккули супориши давлатӣ оиди ташкили ҷойҳои корӣ), 23 (тартиби ташаккули супоришоти давлатӣ доир ба ташкили ҷойҳои корӣ) — и боби 4-и қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 20-уми октябри соли 2020 таҳти рақами 642 “Дар бораи шуғли аҳолӣ” инчунин корҳои дар соли 2021 ба нақша гирифташуда, хазинаҳои давлатӣ ва кредитҳои бонкӣ, корҳои дар доираи ташаббуси “Ҷавонон 1+1” татбиқшаванда маълумот дод.
Таъкид гардид, ки соли 2020 таъсиси 21805 ҷойи кор ба нақша гирифта шуда буд. То поёни сол 24686 лоиҳа (7528 ташаббускори ҷавон) амалӣ гардида, 44750 то ҷойи нави корӣ (ба 17763 ҷойи корӣ ҷавонон ҷойгир шуданд) ташкил гардид.
Соли 2021 дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдор ташкил кардани 35878 ҷойи корӣ (аз ин 18804 ҷой барои ҷавонон) дар назар аст.
Барои таъмини шуғли аҳолӣ ва бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби хазинаҳои давлатӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар давоми соли 2021 ба ноҳияву шаҳрҳо 38 миллиарду 946 миллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Дар вилоят шумораи ҷавонони 18-30-сола 867413 нафарро ташкил мекунад. Аз онҳо 61670 нафарашонро чун ҷавонони бекор ба ”Дафтари ҷавонон” дохил кардаанд.
Имрӯзҳо ба 29709 нафар ҷавонон тадбиркорӣ ва касбу ҳунар омӯзонида мешавад.
Барои дастгирии ташаббуси “Ҷавонон 1+1” 305,1 миллиард сӯм равона мегардад.
Соли ҷорӣ бо мақсади таъмини шуғл дар 15 шаҳру ноҳияи вилоят яктоӣ, дар ноҳияи Каттақӯрғон 2-то, ҷамъ дар 42,1 гектар замин 17-то “минтақаи хурди саноатии ҷавонон” ташкил мегардад ва барои ин маблағҳо ҷудо мешаванд.
Дар поёни анҷуман роҳбару мутахассисони сарсадорат ба саволҳои журналистҳо посух доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ