110-солагии вассофи сулҳу дўстӣ — Мирзо Турсунзода васеъ ҷашн гирифта мешавад


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди адиб то аввали моҳи майи соли 2021 бахшида ба ҷашни шоири бузург конференсияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» гузаронида мешавад. Ҳамзамон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин иншо дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзўи «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дўстӣ» баргузор карда мешавад.
Ғайр аз ин, аз ашъори Мирзо Турсунзода дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар барномаи консертӣ гузаронида шуда, аз тарафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзўи «Маҳорати шоирии Мирзо Турсунзода» мизи мудаввар доир мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ