Тедрос Адханом Гебрейесус дар бораи кам гардидани шумораи гирифторони COVID-19 хабар дод


Теъдоди сироятёбии нави COVID-19 дар ҷаҳон ҳафтаи панҷум аст, ки тадриҷан кам мешавад. Дар ин бора дирӯз зимни брифинг директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус изҳор дошт. Брифинг тавассути Twitter пахш гардид.
«Шумораи гирифторони COVID-19 дар саросари ҷаҳон панҷумин ҳафта аст, ки коҳиш меёбад. Ҳафтаи гузашта пас аз моҳи октябр пасттарин шумораи сироятёбӣ давоми ҳафта буд», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар панҷ ҳафта шумораи сироятёбии нав, ки давоми ҳафта ба қайд гирифта мешавад, тақрибан ду маротиба коҳиш ёфтааст.

«Ин нишон медиҳад, ки чораҳои одии тандурустӣ таъсирноканд, гарчанде ки навъҳои нави коронавирус мавҷуданд», — гуфт роҳбари ташкилот.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ