Билл Гейтс: Кишварҳои сарватманд бояд 100 дарсад гӯшти сунъӣ хӯранд


Билл Гейтс, миллиардер ва асосгузори ширкати Microsoft мегӯяд, ки кишварҳои сарватманд дар роҳи мубориза бо тағйири иқлим фақат гӯшти сунъӣ хӯранд.
Бино ба хабари Sky News, Билл Гейтс дар мусоҳибаи маҷаллаи MIT Technology Review гуфт, “Ман бовар надорам, ки 80 кишвари бенаво гӯшти сунъӣ истеъмол хоҳанд кард.
Ба назари ман, ҳамаи кишварҳои сарватманд бояд 100 дарсад ба истеъмоли гӯшти синтетикӣ гузаранд”.
Гуфта мешавад, ки “аз говҳо ба ҳаво ҳаҷми зиёди метан хориҷ мешавад, ки ин яке аз сабабҳои асосии тағйири иқлим мебошад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ