Оромгоҳи Имом Мотурудӣ ва Имом Бухорӣ ободтар мегардад


9 феврали соли 2021 Раисҷумҳури Ӯзбекистон фармони “Дар бораи чораву тадбирҳои рушди сайёҳии зиёратии дохиливу хориҷӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон”-ро имзо кард.
Бар асоси ин фармон, маҷмӯаи Имом Мотурудӣ дар шаҳри Самарқанд ба маркази зиёратӣ табдил меёбад ва дар атрофи он қабри 8 нафар олими бузургро обод мекунанд.
То1 августи соли 2021 дар атрофи маҷмӯаи Имом Бухорӣ дар майдони 64 ҳектор даратзори тут ва маҷмӯаи сайёҳии “Шаҳраки абрешимӣ” барои истеҳсоли коғази “самарқандӣ” бунёд мешавад. Тутзор ҳамчун манбаи маводди хом ба ин маҷмӯа истифода хоҳад шуд.
Дар шаҳри Самарқанд хиёбони махсус бунёд мешавад, ки он мероси моддиву мадании исломӣ ва дигар динҳои мавҷудаи минтақаро дар худ мунъакис хоҳад кард.
Ҳамчунин, хатсайри роҳоҳании Тирмиз-Қаршӣ-Самарқанд роҳандозӣ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ