Хусусиятҳои психологии хонандагон дар рафти таълиму тарбия

Баробари хуб аз худ кардани касби педагогӣ муаллим бояд оид ба масъалаҳои психологӣ низ дониши мукаммал дошта бошад. Ҳангоми ташкил кардан ва ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ба инкишофи нутқ, забон, диққат, фаъолият, шахсият, маҳорат ва малакаҳои хонандагон аҳамият додан лозим аст. Агар омӯзгор оид ба мафҳумҳои психологӣ дониши хуб надошта бошад, он гоҳ ӯ дар рафти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбиявию таълимӣ ба муваффақият ноил гардида наметавонад.
Агар омӯзгор асосҳои психологии таълиму тарбияро хуб донад, дар рафти дарс ҳолатҳои эмотсионалии хонандагонро ба эътибор гирад, ҳодисаи вайроншавии дарс кам мушоҳида мешавад. Дар баробари қобилияту ҳарактер, хислатҳои психологии ҳар як хонандаро донистан зарур аст. Зеро ҳар як хонанда хислатҳои ба худ хос дорад.
Ғайр аз ин, мизоҷи онҳоро донистан шарт ва зарур аст. Чунки ҳар як хонанда аз хонандаи дигар бо хусусиятҳои мизоҷаш фарқ мекунад. Дар соҳаи психология чор намуди мизоҷ мавҷуд аст: холерикӣ, санвиникӣ, флегматикӣ ва меланхоликӣ:

  1. Мизоҷи холерикӣ; ба ин мизоҷ хонандагоне дохил мешаванд, ки ҳолатҳои эмотсионалии онҳо хеле баланд буда, дар рафти таълим вуҷуди онҳоро қаҳру ғазаб ва оташинӣ фаро мегирад, баъзан худдорӣ карда наметавонанд ва тамоми фаъолияти ақлии худро аз даст медиҳанд. Муаллим нисбат ба ин хонандагон бояд эҳтиёткор, хушмуомила бошад.
  2. Намояндагони мизоҷи сангвиникӣ ба ҳар гуна муҳит ба осонӣ мутобиқ шуда метавонанд. Сангвиникҳо бачаҳои фаъол, ташаббускор, қатъӣ ва устувор буда, аз вазъиятҳо ба осонӣ баромада метавонанд. Онҳо гоҳо бачагони шӯху бекарор мешаванд, лекин шӯху беқарории сангвиникҳо ҳеҷ гоҳ маънои беинтизомии онҳоро надорад.
  3. Мизоҷи флегматикӣ – инҳо хонандагоне мебошанд, ки вазнин, саросема нашуда бо аҳли синф ва дигарон суҳбат мекунанд. Аммо онҳоро дарғазаб намудан ва ба гап даровардан, хандонидан ва ранҷонидан ба осонӣ муяссар намешавад. Агар онҳо ба гап даромада, бо шумо сӯҳбат кунанд, ҳангоми мулоқот мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо бачаҳои хушмуомила, тарбия дидаву раҳмдил ва меҳрубон мебошанд.
  4. Меланхоликҳо бештар дамдузд, шарм­гин мешаванд ва бо дигарон ҳамгап шуда наметавонанд. Онҳо ҳамеша аз ягон чизе норозӣ ва шикоят мекунанд ва ба қувваи худ ва дониши худ боварӣ надоранд.


Саволе ба миён меояд, ки кадом намуди мизоҷ хуб асту кадом бад. Зеро ҳар як намуди мизоҷ ҷиҳатҳои мусбату манфӣ дорад. Вазифаи асосии омӯзгор хусусиятҳои мизоҷи хонандагонро ба инобат гирифта, ба онҳо таълиму тарбияи дуруст додан мебошад.

Рухшона ПАРДАЕВА,
психологи мактаби таълими умумии рақами 30-и ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ