Ниҳолбурӣ ҳам асрори худро дорад

Буридани шоху навдаҳои дарахтҳо яке аз омилҳои серҳосилӣ ба шумор меравад. Агроном ва боғбонҳои пуртаҷрибае, ки аз асрори ин кор хуб хабар доранд, одатан дарахтбуриро аз оғози моҳи феврал ба вазъи обу ҳаво нигоҳ карда сар мекунанд. Мухбири шӯъбаи кишоварзии рӯзнома бо яке аз онҳо, агроном ва боғбони пуртаҷриба, сокини шаҳри Самарқанд Шавкат Нарзиқулов дар ин мавзӯъ сӯҳбат орост.
– Аввало бигӯед, ки бо кадом мақсад шоху навдаҳои дарахтонро мебурранд?
– Буридани шоху навда, шаклдиҳии дарахтҳо ба дарозумрии онҳо хизмат мекунад. Мақсади асосии шаклдиҳӣ аз нури офтоб дуруст баҳравар гардидани ниҳолу дарахт­ҳо, нест кардани шохҳои зиёдӣ, бунёди асоси дарахтҳои пурқуввати серҳосил ва аз зараркунандаҳо ҳифз намудани боғҳо мебошад.
– Дар ин кор ба кадом ҷиҳатҳо бояд эътибор дод?
– То сар кардани шаклдиҳӣ хусусияти меваҳои онҳоро омӯхтан даркор. Агар онро аниқ насозем, корҳои шаклдиҳиву шохбуриро дуруст ба сомон расонида наметавонем. Масалан, шохчаҳои 2–3-солаи анҷир, чормағз, бодом, гелос, себ, олу ва зардолу ҳосили асосиро медиҳанд. Аз ин сабаб, 10–20-фоизи навдаҳои навсабзидаро ҳар сол буридан лозим аст.
– Оид ба усулҳои шаклдиҳӣ ҳарф мезадед…
– Дар буридани шоху навдаҳои дарахтон асосан ду усули шаклдиҳиро ба кор мебаранд. Дар усули якум танаи дарахт аз як нуқта ба якчанд тараф тақсим шуда, қисми марказӣ холӣ меистад. Дар усули дуввум, дарахт аз шохаҳои паҳлӯии паҳн ташкил ёфта, то ба баландӣ расидан мисли арча ба яккашохӣ мерасад. Дар шаклдиҳӣ ба ҷиҳатҳои зерин эътибор додан мувофиқи мақсад аст:
а) буридани шохҳои беморшуда, хушкгардида ва аз ҳад зиёд сабзида;
б) буридани навдаҳое, ки аз тана ғизо мегирад;
в) буридани шохҳое, ки номусоид ҷой гирифтаанд ва ба якдигар халал мерасонанд.
– Ҳангоми ба дарахтҳои калон шакл додан ба чӣ эътибор додан лозим аст?
– Дарахтҳо дар 5–7-солагӣ ба воя мерасанд. Вақти буридани онҳо чӣ гуна шакл гирифта истоданашон ба назар гирифта мешавад. Бо бурида партофтани шохаҳои хушк­гардида, беқувват ва бемор солимии дарахтҳоро беҳтар кардан мумкин аст. Шохҳои калону ғафсро бо арра буридан ба мақсад мувофиқ мебошад.
– Оид ба мубориза бар зидди зараррасонҳо ҳарф мезадед…
– Бар зидди зараррасонҳои боғ мубориза бурдан ҳам ба серҳосилии боғҳо мусоидат мекунад. Роҳи асосии муборизаи он дар ҳавои мӯътадил ба ҳар як гектар боғ ба миқдори 30 килограмм купориси мису 30 килограмм оҳакро дар 1000 литр об омехта карда, пошидан даркор аст.


Сӯҳбатнигор
Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ