Парвозҳои муназзам дар миёни Ӯзбекистон ва Олмон дубора оғоз мешаванд


Ширкати ҳавопаймоии “Uzbekistan Airways” парвозҳои муназзамро дар хатсайри Тошканд-Франкфурт-Тошканд барқарор кард. Дар ин бора сайти расмии ширкат хабар дод.
Парвозҳо аз 4 март март оғоз мешаванд. Ҷадвали парвозҳои нахустин чунин аст:
Тошканд-Франкфурт: парвоз – 06.15.
Франкфурт-Тошканд: парвоз – 11.05.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон ба далели паҳншавии коронавируси “британияӣ” аз 21 декабри соли 2020 парвозҳоро ба Британияи Кабир, Италия, Дания, Австрия, Австралия, Нидерландия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ парвозҳоро қатъ карда буд. Ин маҳдудият то баҳор идома хоҳад ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ