Дар Париж мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ оид ба бокс баргузор намегардад


Мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс барои Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки қарор буд моҳи июн дар шаҳри Парижи Франсия баргузор шавад, барҳам дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.
53 роҳхат, ки бояд дар ин мусобиқа дода мешуд, акнун дар асоси раддабандӣ тақсим карда мешаванд ва беҳтарин муштзанҳои ҳар категорияи вазнии ҳамаи қитъаҳо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Мусобиқаи интихобии қораи Аврупо, ки ду маротиба ба таъхир афтод ва ин бор Лондон аз мизбонӣ даст кашид, моҳи июн доир мешавад, вале ҷои баргузории мусобиқа ҳоло маълум нест.
Гурӯҳи кории КБО оид ба бокс эълон кард, ки тағйирот дар системаи интихобӣ имконияти баробари дарёфти роҳхати олимпиро барои варзишгарони ҳамаи қитъаҳо муҳайё мекунад. Пойтахти Аргентина – Буэнос Айрес аз 10 то 16 май макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бокс барои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ интихоб шуд. Соли гузашта дар Урдун мусобиқаи интихобӣ барои Осиё/Уқёнус ва дар Сенегал барои Африқо доир гардида буд.
Раддабандии гурӯҳи кории КБО оид ба бокс пас аз ҷамъбасти мусобиқаҳои интихобии қоравӣ тартиб дода шуда, барои тақсимоти 53 ҷой – 32 ҷой барои мардон ва 21 ҷой барои бонувон истифода мешавад. Мусобиқаҳои интихобии олимпии боксро, пас аз он ки КБО моҳи майи соли 2019 бо сабаби мушкилот дар мудирият, молия ва ахлоқ эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро муваққатан боз хонд, гурӯҳи кории КБО бо роҳбарии Моринаре Ватанабеи японӣ, президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика баргузор мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ