Зани фаронсавӣ баъди ҷарроҳии пайванди бачадон таваллуд кард


Дар Фаронса як бону баъди ҷарроҳии пайванди бачадон таваллуд кард. Дар ин бора Agence France-Presse хабар дод. Ин нахустин самари ҷарроҳии пайванди бачадон дар Фаронса мебошад.
Навзоди ин зани 36-сола духтараки 1,8 килоӣ мебошад. Ин зан қаблан бефарзанд буд ва моҳи марти соли 2019 ба ӯ бачадони донори зиндаро пайванд карданд.
Профессор Жан Марк Аюбӣ, шифокори бемористони шаҳраки Фоши Париж, ки ҷараёни таваллудро назорат кард, гуфт, “Вазъи саломатии модару кӯдак хуб аст”.
Ёдовар мешавем, дар моҳи июни соли 2018 дар Бразилия низ як бону баъди ҷарроҳии пайванди бачадон кӯдаки солим таваллуд кард. Ба ӯ бачадони зани мурдаро пайванд карда буданд.
То ҳол дар саросари ҷаҳон тақрибан 20 нафар кӯдак баъди чунин ҷарроҳӣ ба дунё омадааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ