Забони русӣ дар Кӯҳистони Қаробоғ мақоми давлатӣ хоҳад гирифт


Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Кӯҳистони Қаробоғ лоиҳаи қонуни мақоми давлатӣ додан ба забони русиро баррасӣ мекунад. Дар ин бора сайти порлумони ин кишвар хабар дод.
Муаллифони лоиҳаи қонун мегӯянд, ки тағйир додани мақоми забони русӣ бар асоси дастури нави робитаҳои Кӯҳистони Қаробоғ ва Русия сурат мегирад. Илова бар ин, русӣ забони дувуми аксари мардуми минтақа аст.
Бар асоси ин лоиҳаи қонун, забонҳои арманӣ ва русӣ мақоми давлатӣ хоҳанд дошт. Ҳамчунин, дар сурати зарурӣ ҳуҷҷатҳои расмӣ низ ба забони русӣ таҳия мегарданд.
Дар сурате, ки Маҷлиси миллии кишвар ин лоиҳаро қабул мекунад, баъди 10 рӯзи эълон ин қонун ба иҷро медарояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ