Шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷаҳон аз 110 миллион гузашт


Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 342 ҳазор афзоиш ёфта, аз 110 миллион гузашт, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Тошканд)-и 17 феврал, ба СУТ дар бораи 110 040 705 сироятшуда ва 2 429 987 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 342 151 нафар ва фавтидагон 9 777 нафар афзудааст.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 28 381 220. Баъд аз он Ҳиндустон (10 937 320), Бразилия (9 921 981), Россия (4 099 323), Британияи Кабир (4 058 468), Франсия (3 489 129), Испания (3 096 343), Италия (2 739 591), Туркия (2 602 034), Германия (2 352 766), Колумбия (2 202 598) ва Аргентина (2 033 060) қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ