Оид ба пешбурди ҳамкориҳои муштарак байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон “Харитаи роҳ” таҳия мегардад



Муовини сарвазир ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов бо муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар шакли видеоконфронс гуфтушунид кардааст.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатии мушаххаси ду кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти технологӣ дар соҳаҳои электротехника ва мошинсозӣ, ки дар бозори кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм талабот дорад, таваҷҷуҳ карданд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳаҳо дар бахши ҷорисозии низомҳои худкори назорат ва баҳисобгирии неруи барқ, инчунин идоракунии фосилавии таҷҳизоти рӯшноидиҳандаи беруна дар иншооти саноатии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадор арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидан ба кори муштарак оид ба беҳбуди шароити рушди ҳаҷми савдои мутақобила тариқи тадриҷан бекор намудани монеъаҳои техникии мавҷуда ва таъмини дастрасии мусоид ба маҳсулоти истеҳсоли кишварҳо ба бозорҳои ҳамдигар ба мувофиқа расиданд.
Зикр шуд, ки ин иқдом ба иҷрои вазифаи гузошташуда дар мавриди то ба 1 млрд доллар расонидани ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо дар ояндаи наздик имкон фароҳам меорад.
Мувофиқа шуд, ки ҷонибҳо дар фурсати наздик корҳоро оид ба таъсиси хонаҳои миллии савдо ва дигар иншооти соҳавии ин самт дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ба охир мерасонанд.
Ғайр аз ин, суръатбахшии ҳамкорӣ дар самти таҷдиди як қатор иншооти гидротехникӣ тариқи ҷалби мусоидати молиявӣ ва техникии ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ва мададрасонон пешбинӣ шуд. Ҳамчунин таҳияи механизми таъмини интиқоли устувор ва саривақтии об аз обанборҳои Тоҷикистон ба Ӯзбекистон баррасӣ шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштарак дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳои калидии кишварҳо созиш ҳосил шуд, ки вазифаҳои пайгирии амалисозии ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ, таҳлили имконоти истифоданашуда барои тавсеъаи ҳамкорӣ дар ин самт ва омӯзиши вазъи бозори кишварҳо ҷиҳати таҳияи пешниҳодоти мушаххас оид ба тақвияти ҳаҷми савдои дуҷониба ба дӯши он вогузор мешавад.
Инчунин ҷонибҳо оид ба таҳияи “Харитаи роҳ”-и ҷудогона оид ба пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва обу энергетика ба мувофиқа расиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ