Помидор инсултро пешгирӣ мекунад


Помидор нафақат ширин ва фоиданок аст, он миқдори зиёди витаминҳо, минералҳо ва клетчаткаи камкалория дорад.

Касалиҳои дил ва инсултро пешгирӣ мекунад.
Ликопин оксидшавии липидҳоро кам карда, мембранаи ҳуҷайраҳоро мустаҳкам мекунад, бандшавии рагҳои хунро пешгирӣ мекунад. Витамини В6 ва кислотаи фолий гомосистеин, ки метавонад инсултро ба вуҷуд орад, парча мекунад.

Хавфи пайдо шудани касалиҳои онкологиро кам мекунад
Мавҷуд будани антиоксидантҳои қавӣ (витамини А ва С) ривоҷи саратонро бозмедорад. Антиоксидантҳо радикалҳои зироатро, ки ба ҳуҷайраҳо зарар мерасонанд, мешиканад. Моддаи ликопин хавфи саратонро дар простата, ғадудҳои шир, ғадуди зери меъда ва тухмдон коҳиш медиҳад.

Устухонҳоро мустаҳкам мекунад
Аз ҳисоби калий ва калтсийии таркибир помидор, системаи устухон мустаҳкам мешавад. Витамини К сафедаи бофтаи устухон остеокалтсинро синтез мекунад. Чунин хусусият дар ликопин ҳам мавҷуд аст. Ликопин – пигменти сурх буда, на танҳо дар помидор, балки дар дигар меваю сабзавотҳои сурх низ ҳаст.

Таъсири зидди илтиҳобӣ дорад
Каротин ва биофлавоноидҳо, ки дар таркиби помидор мавҷуданд, хусусиятҳои қавии зиддиилтиҳобӣ ва бедардсозӣ доранд. Онҳо дар бемориҳои музмин (хронический), аз қабили артрит ва остеохондроз кӯмак мерасонанд.

Фишори хунро паст мекунад
Дар хун нарасидани калий ва зиёд шудани натрий фишори хунро баланд мекунад. Калий аз организм натрийро хориҷ карда, фишори хунро паст мекунад. Инчунин, миқдори қандро дар хун кам мекунад.

Атсидозро пешгирӣ мекунад
Атсидоз – ин мувозинати кислота — ишқорро дар организм вайрон карда, афзоиши бофта ва кислота ба ҳисоб меравад. Набудани фаъолияти ҷисмонӣ ва нодуруст таом хӯрдан боиси атсидоз мегардад. Ин бошад ба як қатор касалиҳои дил, остеопороз ва саратон меорад.

Иммунитетро мустаҳкам мекунад
Помидор ба касалиҳои зуком ва сироятҳои вирусӣ мубориза мебарад. Шарбати помидорро мунтазам истеъмол кардан иммунитетро мустаҳкам мекунад.

Ҳолати пӯстро беҳтар мекунад
Ликопин ва бета-каротин, ки дар таркиби помидор мавҷуд аст, пӯстро аз нури ултрабинафши офтоб ҳимоя мекунад. Пӯстро мулоим, аҷинҳоро ҳамвор мекунад.
Тарҷимаи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ