Тоҷикистон номи ду қуллаи кӯҳистони Помирро дигар кард


Тоҷикистон номи ду қуллаи кӯҳистони Помирро тағйир дод. Дар ин бора “Азия плюс” хабар дод.
Аз ҷумла, қуллаи Корженевская номи “Озодӣ” ва қуллаи “Озодӣ” номи “Сангғалтак” гирифт.
Олимҷон Муҳаммадзода, раиси кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, ки соли 2020 дар саросари кишвар номҳои ғайристандартии 844 маҳалро баррасӣ карданд ва лоиҳаи тағйири номи онҳо таҳия шуд.
Баландии қуллаи Корженевская 7105 метр буда дар фосилаи 13 километр аз қуллаи баландтарини Осиёи Марказӣ – Исмоили Сомонӣ ба сӯи шимол ҷойгир аст.
Николй Корженевский, ҷуғрофишиноси рус соли 1910 ин қулларо ба шарафи занаш Корженевская ном дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ