Лигаи қаҳрамонони Аврупо: “Порту” ва “Боруссия” рақибони худро шикаст доданд


Шаби гузашта боз ду бозии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо баргузор шуд.
“Порту” дар Лиссабон рақиби номдори худ “Ювентус”-ро бо натиҷаи 2-1 мағлуб кард. Голи Маҳдӣ Торамӣ, ҳуҷумгари эронии “Порту” дар дақиқаи дувум ба ин ғалаба саҳми калон гузошт.
“Боруссия”-и Дортмунд дар сафар “Севиля”-и Испанияро бо натиҷаи 3-2 шикаст дод. Эрлинг Ҳоланд бо ду голи худ пирӯзии олмониҳоро таъмин кард.
Бозиҳои ҷавобии ин дастаҳо рӯзи 9 март баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ