Дар натиҷаи заминларзаи 5,6 дараҷаӣ дар Эрон 25 нафар захмӣ шуданд


Дар Эрон заминларза ба шиддати 5,6 дараҷа рух дод. 25 нафар дар ин офати табииӣ захмӣ шуданд.
Бино ба хабари агентии IRNA шиддати заминларза бештар дар шаҳраки Сисахт эҳсос шудааст.
Касе қурбони ин ҳодиса нашуд ва ҳоло вазъият барқарор аст.
Бар асоси маълумоти мутахассисон, маркази заминларза дар марзи вилоятҳои Исфаҳон, Коҳгилуя ва Боираҳмад буд. Шаҳраки Сисахт дар фосилаи 10 километр аз маркази заминларза ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, рӯзи шанбе дар Арманистон низ заминларза рух дод. 25 нафар дар натиҷаи заминларза захмҳои гуногун бардоштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ