СОҲИБҚАЛАМИ ОШКОРБАЁН

Имрӯз фарзанди фарзонаи Самарқанд, журналисти бебоку қатъӣ, баору номус, навовару ҷонфидо Тошпӯлод Раҳматуллоев зодрӯз дорад




Фарзанди фарзонаи Самарқанд, журналисти бебоку қатъӣ, баору номус, навовару ҷонфидо Тошпӯлод Раҳматуллоев зодрӯз доранд. Ин навид ба камина имконият дод, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти пурбаракоти соҳибҷашн чизе нависам, ки барҳақ муште аз хирворе ҳасту халос. Зеро ҳар ду дӯстони дерина буда, борҳо дар анҷуману сафарҳо ҳамроҳу ҳампаҳлӯ, ҳамфикру ҳамдил будем. Ва бидуни шубҳа метавон таъкид намуд, ки ӯ на танҳо дар журналистика, балки дар гуфтору рафтори ҳаррӯзааш қаламкаши пухтакору ҳалолкор, ташаббускору қолабшикан аст. Шояд аз ҳамин сабаб ӯ дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст. Зеро ҳадафи вай – ҳалли муаммо ва расондани нафъ ба халқ аст.
Номи ду ҷисм шуд исм
Тошпӯлод Раҳматуллоев 18-уми феврали соли 1949 дар гузари Сӯзангарони шаҳри Самарқанд дар оилаи марди ҳалвопаз Раҳматуллоҳ Ёрбобоев таваллуд шудааст. Модари меҳрубони хонадон Хуррамой Содиқова ба тарбияи фарзандон эътибори алоҳида медод. Тошпӯлод соли 1965 ба мактаби рақами 22-юми ба номи устод С.Айнии шаҳри Самарқанд рафт. Ҳангоми таҳсил дар мактаб аввалин мақолаи Тошпӯлоди ҷавон дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») нашр шуд.
Тошпӯлод баъди ба даст гирифтани номаи камол ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супорид ва аз имтиҳон сарбаландона гузашт. Соли 1970 донишгоҳро бо дипломи имтиёзнок хатм карду ба хизмати ҳарбӣ рафт. Баъди адои қарзи ҷавонмардӣ боз ба донишгоҳ омад. Ба аспирантура дохил шуд. Аз муаллими оддӣ то ба дараҷаи ҷонишини декани факулта расид. Соли 1991 дар Самарқанд телевизиони нодавлатии Телевиденияи Самарқанд (СТВ) ташкил ёфт ва Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ бо барномаи «Таърихи мо – сарвати мо» доир ба эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, муаммоҳои таъмир ва ба авлоди оянда бегазанд расонидани онҳо ва дигар мавзӯъҳои баҳсталаб мухлисони зиёд пайдо кард.
Вориси муносиб
Охири соли 1994 буд, ки ногаҳон ӯро ба ҳокимияти шаҳр даъват намуданд. Вай бо сад андеша вориди ӯтоқи кории ҳоким шуд.
– Тошпӯлодака, – гуфт ҳокими ҳамонвақта, – ман дер боз бо фаъолияти эҷодии шумо шинос ҳастам. Бинобар ҳамин бо бисёр шахсон маслиҳат карда, ба қарор омадем, ки шуморо муҳаррири рӯзномаи ҳокимияти шаҳр – «Самарқанд» таъин кунем.
– Барои боварӣ раҳмат, – узр пеш овард ӯ. – Ман журналисти касбӣ нестам. Мақола навиштан дигар, муҳаррир шудан дигар.
– Шумо вазифаро гиред, – тасаллои дил бахшид ҳоким, – мо ба кӯмак расонидан тайёр.
Рӯзи дигар Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ ба курсии муҳаррир нишасту асосгузор ва ношир, яке аз пешвоёни ҳаракати ҷадидӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудиро пеши назар овард. Қисмати талхи муҳаррир ва сабаби фавти асрорангези ӯ то ҳол ноаён аст. Вале ӯ ҳамчун шахси маърифатпарвару рӯзноманигори адолатпеша, ошкорбаён ва халқпарвару ватандӯст аз саҳифаҳои таърих ҷой гирифтааст.
Муҳаррири нав аз руҳи поки ӯ мадад пурсида камбудиҳоро ба тадриҷ ислоҳ намуд. Дар атрофи худ журналистони садоқатманду соҳибтаҷрибаро ҷамъ намуд. Оҳиста-оҳиста «Самарқанд» бо хабару мақолаҳои ҷолиб мухлисони зиёд ёфт ва шӯҳратёб гардид. Рӯзнома соли 1995 дар озмуни ҷумҳурӣ ҷоиза гирифт. Вақте ки «Самарқанд» ба гранти хазинаи «Евразия» соҳиб гашт ва дар назди таҳририят барои журналистони вилоят маркази ахбор боз гардид, баъзе шахсон ангушти ҳайрат газиданд, ки «муҳаррири тасодуфӣ» ба чунин комёбиҳо соҳиб мегардад…
Марҳамат, ба мактаби маҳорат!
Вай якчанд маротиба гранти ташкилотҳои байналхалқиро ба даст оварду дар назди идораи рӯзнома барои мухбирони ҷавон мактаби маҳорат ташкил намуд. Ҳоло аксарият хатмкунандагони мактаб дар идораҳои телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар бо эҷод машғуланд.
Дертар клуби журналистикаро таъсис намуд, ки ба он ғайр аз вилояти Самарқанд аз Бухоро, Сирдарё, Ҷиззах, Қашқадарё ва дигар гӯшаю канори Ӯзбекистон аҳли қалам ташриф фармуданд.
Соли 2005 клуби адибони тоҷик ташкил шуд. Ҳар моҳ як бор нависанда ва шоирони тоҷики вилояти Самарқанд ҷамъ шуда, аз эҷоди якдигар бохабар мешуданд, шеъру ҳикояҳои худро муҳокима менамуданд.
Равзана дар рӯзнома

Муштариён шумораи навбатии рӯзномаи «Самарқанд»-ро ба даст гирифта, ҳайрон монданд. Гап дар сари он буд, ки дар саҳифаи дуюми рӯзнома равзана, ба истилоҳи матбаа «окно», яъне ҷойи холӣ дошт. Вай ҷойи якчанд ҷумлае буд, ки ба чопаш сензура иҷозат надода буд. Ин дар ҳамон вақт як қадами нотарсона буд, ки на танҳо дар Ӯзбекистон, инчунин, Англия, Шветсария, Америка, Германия, Россия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шуд. Шояд аз ҳамин сабаб муҳаррири бебоку боҷуръат ба бисёр кишварҳои дунё азми сафар карда, доир ба қадамҳои устувори демократия дар Ӯзбекистон нақл кард, таҷриба омӯхт.
Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ чанд сол дар Америка зиндагӣ карда, бо собиқ корманди рӯзномаи «Халқ сӯзи» Фарҳод Султон ба забони ӯзбекӣ рӯзномаи «Ватандош»-ро чоп карданд, ки дар муддати кӯтоҳ маҳбубият пайдо намуд. Ӯ пас аз бозгашт дар Самарқанд асари «Америка аз нигоҳи журналист»-ро чоп кард.
Дар «Майдони мӯъҷиза»
Барномаи «Майдони мӯъҷиза» («Поле чудес», Русия) дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон маҳбубият дорад. Ҳоло ҳам мухлисон бо ҳар роҳ аз он баҳра мебаранд. Соли 1995 Тошпӯлод Раҳматуллоев ба телевизиони Москва мактуб ирсол намуда, барои иштирок дар бозии «Майдони мӯъҷиза» изҳори хоҳиш кард. Баъди як моҳ ӯро ба пойтахти Россия даъват намуданд. Гарчанд ба зинаи баланд набаромад, аммо бо заковату қироати рубоиёти Умари Хайём диққати ҳозирону баранда Леонид Якубовичро ба худ кашид. Вай аввалин шахсе буд, ки аз Самарқанд дар чунин барномаи бонуфуз иштирок дошт.
Ташаббуси журналист дар амал
Мақолаҳои таҳлиливу танқидии рӯзноманигори собиқадор Тошпӯлод Раҳматуллоев байни мардум боиси сарусадои зиёд гардидаанд. Аз ҷумла, доир ба ҳифзи табиат ва муҳиту атроф мақолаҳои зиёди ӯ нашр гардидаанд, ки “Қабристони харҳо” яке аз онҳо мебошад. Рӯзноманигор тафтиши журналистӣ бурда, дар ҳавзаи наздики шаҳри Самарқанд мавҷудияти қабристони харҳоро муайян мекунад ва ба ин ҳолати нохуш барҳам дода шуда, айбдорон муайян мегарданд ва дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.
Инчунин, бо ташаббуси Тошпӯлод Раҳматуллоев девори роҳи мошингардро аз майдони Регистон ва гузари Сӯзангарон, ки чандин сол баста буд, аз байн бардошта шуд.
Боз як кори савоби хабарнигор мақолаи «Самарқандро кӣ аз зулмат халос мекунад?» буд, ки ба мардуми шаҳри бостонӣ рӯшноӣ овард.
Умуман, хидмати ӯ барои Самарқанд ва самарқандиён ниҳоят бузург ва лоиқи таҳсин аст.
Мукофот муборак!
Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ дар тӯли беш аз бист соли охир дар соҳаи журналистика соҳиби як қатор мукофоту ҷоиза шудааст. Соли 1997 ӯ дар Ӯзбекистон ҳамчун журналисти беҳтарин эътироф гардид. Инчунин, аз ҷониби хазинаи Конрад Аденауэр ғолиби озмун дар мавзӯъи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷамъият» шуд.
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар озмуни «Роли воситаҳои ахбори оммавӣ дар мубориза бар зидди коррупсия дар соли 2018» пешқадамиро ба даст овард.
Бояд таъкид намуд, ки ӯ ниҳоят серкору сермаҳсул аст. Танҳо соли гузашта дар блоги «Согдиана»-и худ 216 хабар ва мақолаҳояшро эълон кард. Умуман дар давоми ҳафтуним сол дар блог беш аз ҳазор номгӯй иншоҳо дар мавзӯъҳои гуногун интишор ёфтаанд.
Имрӯзҳо Тошпӯлод Раҳматуллоев ҳамчун хабарнигори хоссаи «Новости Узбекистана» фаъолият дорад.
Ҳамқадами ҳаёт
Ин марди миёнақади камгӯшти серҳаракат, ки дар нигоҳу чеҳраи гандумгунаш қатъият, ҷиддият ҳувайдост, на танҳо ходимони телевизион, радио ва матбуот, инчунин, дар аксар гузару маҳаллаҳои Самарқанд аз наздик мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Вай дар анҷуманҳои матбуотӣ гули сари сабад буда, аксарият бо эҳтиром «устод» гӯён муроҷиат мекунанд.
Тошпӯлодака падари бузургвори се нафар фарзанд ва 10 нафар набераи ширин аст. Вай бо ҳамсари меҳрубону вафодораш – собиқ устоди Донишкадаи давлатии савдо (ҳоло Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва сервис) Сафия Мӯъминова фарзанду мағзи бодомҳои худро таълиму тарбия додаанду медиҳанд. Писари калонӣ Мақсудҷон тадбиркор, гулдухтараш Лолабону ҳисобчӣ ва Нафисабону забондон аст.

– Журналист бояд ҳамқадами ҳаёт бошад, – мегӯяд Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ. – Тақозои касб ҳамқаламонро водор созад, ки ба ҳар як ҳодиса ва воқеаҳои ҳаёту ҷамъият бо нуқтаи назари суол нигаранд. Хушбахтона, бо салоҳдид ва ғамхории Президенти мӯҳтарами мо ба аҳли қалам диққату эътибор дигар аст. Мо ҷавобан ба он бо масъулият қалам занем, камбудиҳоро ошкор кунем ва барои пеш рафтани ҷамъият ва давлатамон саҳмгузор бошем. Охир вақти қолабшиканӣ ва ошкорбаёнӣ расид. Акнун навбат ба қалам аст.
Ба ҷойи охирсухан
Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ беш аз 50 сол боз бо қаламу дафтар сару кор дорад. Агар зиндагинома ва фаъолияти журналистии ӯро нависем, ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд. Умед аст, ки қаҳрамони очерки мо худ чизе эҷод мекунад, ки таърихи журналистика ва бурду бохти ин соҳа мешавад. Мо ба ӯ парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорем.
Аҳли идораи рӯзнома низ журналисти намоён – Тошпӯлод Раҳматуллоевро бо зодрӯз табрик гуфта, комёбиҳо таманно менамояд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ